Навигатсия сомонаСаҳифаи асоси
     Феҳристи сомона
     Доир ба сохтори      Обуҳавошиносӣ

     Меҳмонон

Flag Counter

     Пурсишнома

От куда вы узнали о нашем сайте ?
Телевидение
Радио
Газеты/журналы
Буклеты/флаера
Интернет

     Тақвим

Пешгӯйҳо ва мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ

Метеорологическая станция

Ба шабакаи мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ 57 истгоҳои обуҳавосанҷӣ дохил мешавад. Ба онҳо Маркази обуҳавошиносӣ, мушоҳидаҳои,обуҳавосанҷӣ истгоҳои гидрологӣ, мтеорологӣ, аэрологӣ, авиатсионӣ ва дигар дигар дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои мушоҳидавии ифлоскунандаҳои муҳити зист дохил мешавад.

Шабакаи нуқтаҳои мушоҳидавии рӯизаминӣ барои муайян сохтани вазъият ва рушти равандҳои физикавӣ дар атмосфера боҳамтаъсиррасонӣ, густурдашавии поёнӣ бо мақсади гирифтани маълумот ва ҳал намудани вазифаҳои оянда:

  • Бе восита таъмин намудани ташкилотҳои хоҷагии халқ бо маълумотҳои шароити метеорологӣ дар нуқтаҳои мушоҳидавӣ;
  • Баланд бардоштани хизматрасоиниҳои муасисисса оиди хатар ва ҳодисаҳои табиӣ атмосферӣ;
  • Таъмин намудани мушоҳидаҳои маълумотҳои қисман зарурӣ барои тартиб додани ҳамаи намудҳои мушоҳидаҳои метеорологӣ, огоҳнамоӣ интизориҳои номусоиди ҳодисаҳои пайдошуда;
  • Захира ва ҷаъмбаст намудани маълумотҳои холисона оиди тартиботи метеорологии ҳудудҳои ноҳияҳо, вилоятҳо, ва ҷумҳурӣ:

Мушоҳидаҳои шабакаю истгоҳҳои метеорологӣ бо доштани графики шабонарӯзӣ.Мушоҳидаҳои ихтиёрии аз ҳарорат, намнокӣ ва фишори ҳаво, ҳарорати хок, миқдори борон, муайянсозии намуд ва миқдори абрнокӣ, мушоҳидаҳои намоён ва дури метеорологӣ, самт ва суръати шамол, пайдо шудани намуди падидаҳои атмосферӣ муайян месозад.

Ба мушоҳидаҳои гузашта.шиносоӣ намуда ба Муасиссаи давлатии обуҳавошиносӣ маълумотҳоро мефиристонанд. Шабакаҳои обшиносӣ бо мақсади коркарди маълумотҳо равона карда шудааст:

  • Тартиботӣ (омӯзишӣ тартибот ва ҳисоби захираҳои обӣ);
  • Маълумотӣ (мушоҳидаҳои маълумоти ва фаври);
  • Тартиботи – маълумотӣ мувофиқакунии вазифаҳои олӣ нишондодашуда.

Дар Тоҷикистон, он ҷойе, ки минтақаи Осиёи марказӣ аст 50% захираҳои обҳо та тартиб дароварда шудааст. Он ҳамеша дучори норасои захираҳои обӣ, махсусан дар давраи вегетатсонӣ проблемаҳои обтаъминкуниро дар вилояту ноҳияҳои алоҳида муайян менамояд.

Дар ҳисоби аниқу дақиқ, мушоҳида, таҳлили обҳои талаф ёфта дар минтақаҳои инкишофёфта, истифодаи самаранок ва тақсими обҳо дар ноҳияҳое Ҷумҳурӣ Тоҷикистон, ки аз норасогии намнокӣ ва об танқиси мекашанд диққати муҳим ва аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар ин шабакаҳо барои муайян намудани хусусиятҳои ояндаи обшиносӣ ва тартиби он чунин мушоҳидаҳои стандартӣ гузаронида мешавад: баландии сатҳи обҳо, ҳарорати обҳо, ғафсии яхпорҳо, баланди барф, вазъияти объектҳои обӣ, нишебии обҳои сатҳи, таркиби химиявии обҳо, масрафи обҳо, сарфи насосҳои обкаш дар кӯл ва обамборҳо дар мавриди истифода.

    Пешгуҳои обу ҳаво
    Хабарҳои охирин

   Табиати Тоҷикистон

   Пурсишнома Порчаи    наворҳо оиди маркази    метеорологии тоҷик
   Пурсишнома Порчаи    наворҳо оиди маркази    метеорологии тоҷик