Фактҳои обуҳаво

Обу ҳаво дар Душанбе

15 декабр, якшанбе
+8...+10°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бе боришоти назаррас., Туман
16 декабр, душанбе
+10...+12°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш, Туман
17 декабр, сешанбе
+11...+13°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бе боришоти назаррас., Туман
18 декабр, чоршанбе
+11...+13°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бе боришоти назаррас.
19 декабр, панҷшанбе
+10...+12°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш, Туман

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

Об дар табиат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  (22 декабри соли 2016) бо ифтихор ва хушнудӣ иброз намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид чаҳорумин пешниҳоди мамлакати моро оид ба даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби 177 мамлакати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, барои солҳои 2018-2028 маъқул дониста, қабул намудааст. Ин шарафи бузурги халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён мебошад.

Хушбахтона бисту дуюми марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар байнии шумораи зиёди пайвастагиҳои кимиёвӣ, ки дар сайёраи мо вуҷуд доранд, об ҷойи махсусро ишғол мекунад. Об метавонад дар ҳолатҳои гуногун вуҷуд дошта бошад: сахт, моеъ ва газмонанд. Дар фасли зимистон, вақте ҳарорати ҳаво зери 0°С аст, аксаран мо дар кӯча оби яхбаста – яхро мебинем. Аз ҷумак (кран) об дар ҳолати моеъ ҷорӣ мешавад ва он фаввораи буғ, ки аз чойники ҷӯшидаистода мебарояд, ин ҳолати газмонанди об аст. Инчунин об дар абрҳо якбора дар се ҳолат қарор дорад ва маҳз бо ин шаклҳои гуногуни абрҳо алоқаманд мебошад.

Илме, ки обро меомӯзад, гидрология номида мешавад. Чунин ҳисобида мешавад, ки аввалин таҳқиқоти гидрологӣ 5 ҳазор сол пеш аз тарафи мисриёни қадим дар дарёи Нил анҷом дода шудаанд. Онҳо баландии обхезиҳоро пайгирӣ намуда, дар деворҳои биноҳо, харсангҳо ё зинаҳои соҳилӣ нишона мегузоштанд.

Агар дар сайёраи мо об намебуд, пас дар он ҳаёт низ вуҷуд намедошт: бештари намудҳои наботот ва ҳайвонот қисман аз об таркиб ёфтаанд ва фоизи он дар бадан зиёд аст. Ба таври мисол, мову шумо (мисли ҳамаи дигар одамон) 60% аз об таркиб ёфтаем. Нишондиҳандаи мазкур ба синну сол вобаста аст: организми тифлони навзод 86% аз об таркиб ёфтааст ва одамони калонсол – танҳо 50%. Бинобар ин, нӯшидани об барои одамон ниҳоят муҳим аст – зеро маълум аст, ки одам бидуни хӯрок метавонад наздики як моҳ ва бидуни об танҳо аз 3 то 10 шабонарӯз зинда бимонад.

Тамоми обе, ки дар Замин аз ҷониби инсон истифода мешавад ё мумкин аст истифода шавад – захираҳои обӣҳастанд. Ба онҳо ҳамаи обҳои дарёҳо, кӯлҳо, каналҳо, обанборҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо, обҳои зеризаминӣ, намнокии таркиби хок, обҳои (яхҳои) пиряхҳои кӯҳӣ ва қутбӣ ва ҳатто бухорҳои обии атмосфера дохил мешаванд.

Беш аз 97%-и ҳамаи обҳои сайёра дар уқёнусҳо ва баҳрҳо қарор доранд. Маълум аст, ки дар уқёнусҳо об шӯр аст ва барои ошомидан мувофиқ нест. Дар дарёҳо, кӯлҳо ва ҷӯйборҳо ва дигар манбаъҳои сатҳии оби ширин ва ҳамчунин дар обҳои зеризаминӣ камтар аз 1% ҳаҷми умумии об дар сайёра вуҷуд доранд! Ба назар мерасад, ки ин тамоман кам аст, аммо захираи бештар васеи оби ширин вуҷуд дорад – ин пиряхҳо ва кулоҳҳои яхбастаи Антарктида ва Гренландия мебошанд. Ҳиссаи онҳо 2%-и ҳамаи оби заминро ташкил медиҳад – тақрибан 8 маротиба бештар назар ба дарёҳо, кӯлҳо ва ғайраҳо!

Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои асосии экологӣҳифзи захираҳои оби ширини ошомиданӣ мебошад, зеро бидуни он инсон наметавонад вуҷуд дошта бошад. Масъалаи нарасидани оби ошомиданӣ бо тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва ҳамчунин афзоиши талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ ва воситаҳои беҳдоштии (гигиена) аҳолии афзоишёбандаи Замин тақвият меёбад. Аз ибтидои асри XX аҳолии курраи замин аз 1,6 то 7,2 млрд. нафар – 4,5 маротиба афзоиш ёфтааст! Дар бештари кишварҳо дар даҳсолаҳои охир истифодаи об дар робита бо афзоиши аҳолӣ, тағйирот дар тарзи ҳаёт ва рушди истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шудааст. Наздики 70% ҳамаи обҳои ширин, ки аз тарафи инсон истифода мешавад, ба обёрии заминҳои кишт рост меояд. Тибқи назари коршиносони СММ, то соли 2050 барои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ тақрибан 90% захираҳои ҷаҳонии обҳои ширин лозим хоҳанд шуд. Коршиносони СММ ҳамчунин ба он ишора мекунанд, ки оби ошомиданӣ дар қитъаҳо ба таври нобаробар тақсим шудаанд: дар Осиё 60% аҳолии сайёра зиндагӣ мекунанд, ҳарчанд сокинони ин қитъа танҳо ба 1/3 захираҳои об дастрасӣ доранд. Тибќи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон тақрибан 800 млн. нафар (40% онҳо дар қитъаи Африқо зиндагӣ мекунанд) ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.

Дар соли 2015 аз ҷониби СММ барномаи "Ҳадафи рушди устувор" қабул карда шуд, ки ҳадафи он то соли 2030 таъмин кардани дастрасии ҳамагон ба оби ошомиданӣ мебошад.

Харитаи обуҳаво

 

Аксҳо ва наворҳо

Пешгӯиҳо барои имрӯз

Бохтар +7...+9°C
Данғара +9...+11°C
Дарвоз +8...+10°C
Ҷиргатол +2...+4°C
Душанбе +6...+8°C
Кӯлоб +11...+13°C
Мурғоб -8...-6°C
Панҷакент +9...+11°C
Панҷ +11...+13°C
Рашт +7...+9°C
Хоруғ +0...+2°C
Ховалинг +8...+10°C
Хуҷанд +3...+5°C

Хизматрасонӣ

Хабарҳои охирин

Elements not found

Агентии

     Гости мира

Flag Counter