Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Озмунҳо

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Тавсифи озмун

1.       Сармутахассиси Раёсати назорат ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1502,30 сомонӣ;

2.       Мутахассиси пешбари Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва молия – 3 ҷой, маоши мансабӣ 1228,40 сомонӣ;

3.       Мутахассиси пешбари Раёсати шабакаҳои давлатӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1228,40 сомонӣ;

4.       Мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ ва нурафкании Раёсати мониторинги муҳити зист – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1228,40 сомонӣ; 

5.       Мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1228,40

6.       Мутахассиси пешбари Шуъбаи таҳлили-иттилоотии обуҳавошиносӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1228,40 сомонӣ;

7.       Мутахассиси Шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рӯйизаминӣ ва нурафкании Раёсати мониторинги муҳити зист - 1 ҷой, маоши мансабӣ-1012,60 сомонӣ;

8.        Мутахассиси пешбари Раёсати таъминот ва хоҷагидорӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ;

9.        Мутахассиси Раёсати назорат ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ;

10. Мутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,60;

11. Мутахассиси Раёсати таъминот ва хоҷагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,20 сомонӣ;

12. Мутахассиси Раёсати шабакаҳои давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ;

13. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 1 ҷой , маоши мансабӣ 1012,60;

 

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

Ø Ариза ба унвони роҳбари мақомот;

Ø варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

Ø шарҳи ҳол;

Ø нусхаи диплом;

Ø 4 дона расми 3х4 ранга;

Ø нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

Ø нусхаи шиноснома;

Ø маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

Ø маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

Ø маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;

Ø нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

Ø маълумотнома (сиви-обьективка);

Ø маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ.

 Нишонӣ:кӯчаи Б.Ғафуров-13/1,Раёсати кадрҳо.Телефонҳо:44-600-02-15,918-65-84-74, 947-44-44-00   

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун.