Навигатсия сомонаСаҳифаи асоси
     Феҳристи сомона
     Доир ба сохтори      Обуҳавошиносӣ

     Меҳмонон

Flag Counter

     Пурсишнома

От куда вы узнали о нашем сайте ?
Телевидение
Радио
Газеты/журналы
Буклеты/флаера
Интернет

     Тақвим

Тағйирёбии иқлим

Семинар по изменению климата

Ҳамаи фактҳои бисёр дар ҷаҳон буда аз он дарак медиҳад, гармшавии глобалӣ дар ҷаҳон мавҷуд аст ва он оқибатҳои ҷиддӣ ва негативии худро мегузорад. Ба таври мувофиқ бо далелҳои моделӣ, гармшавӣ давом дорадва таъсири худро ба системаи экологӣ мерасонад.

Обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи оби уқуёнусҳои ҷаҳонӣ, таъсир намудан ба ҳосилнокии маҳсулотҳои заминҳои хоҷагии қишлоқ дар ноҳияҳои гарм ва камбориш кишт карда шуда,пайдошудани хушксолӣ сабабгораш гармшавии саёраи замин ба шумор меравад.

Зиёдшавии партовҳои газҳои парникӣ ва болоравии консентратсияи ин газҳо дар фазои атмосфера, омилҳои асосии пайдоиши гармшавии глобалӣ ба шумор меравад. Дараҷаҳои муайяни фаъолияти антропогенӣ дар пайдоиши тағйирёбии иқлим, бо буридани ҷангалзорҳо, сухтани маводҳои сузишворӣ ва тағйирдодани истифодабарии замин.таъсири асосиро худро мерасонад.

Дар натиҷаи фаъолияти антропогенӣ партовҳои газҳои праникӣ ба атмосфера партофта шуда, зарари худро ба табиат ва аҳоли намерасонад ва бинобар ин ҳамчун омилҳои маҳдуди харобкунандаи муҳити вазъи муҳити зист дида намешавад.

Яке аз сабабҳои таъсиррасонии системаҳои иқлимӣ ин вазъияти саломатии аҳолӣ,харобшавии маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ, хабардор намудан оиди харобиҳои офатҳои табиӣ ва ғайра ба шумор меравад. Дар алоқа бо ин пешниҳодоти мақсаднок, қабули ҳатмии тадбирҳои эҳтиётӣ барои кам кардани партовҳои газҳои парникӣ ва мутобиқшавии ба тағйирёбии иқлим дар мадди назари наслҳои ҳозира ва оянда қарор дорад..

Тоҷикистон ба Конвенсияи Меъёрии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар соли 1998 худро ҳамчун Тарафи Конвенсия, ба замимаи I шомил намуда, дар қатори ҷонибдорони конвенсия як қатор ӯҳдадорҳоии худро қабул карда аст.Дар Тоҷикистон аввалан асосҳои институтсионалии қонунгузорӣ барои таъсир намудани ба тағйирёбии иқлим ташкили карда шуд.

Муасиссаи давлатии обуҳавошиносӣ Кумтими  давлатии ҳафзи табиат ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо дастгирии бе воситаи Ҳамоҳангсозӣ милли оид ба тағйирёбии иқлим буда, чорабиниҳои дахлдори худро оид ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мувофиқа менамояд.

  • Амалигардонии лоиҳаҳоитағйирёбии иқлим;
  • Гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазам ва таҳлили тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ дар вақт муайян шуда.
  • Гузаронидани баҳисобгирии (инвентаризации) партовҳо ва манъбаҳои гази парникӣ ;
  • Баҳогузории нозукиҳо ва мутобиқгардонии иқтисодиёти милли, сартватҳои табиатва саломатии аҳоли ба тағйирёбии иқлим;
  • Такмилдиҳии сиёсат дар қабули чорабиниҳо оиди коҳишдиҳии оқибатҳои тағйирёбии иқлим кам кардани партовҳои газҳои парникӣ;
  • Баланд бардоштанимаълумотнокии ҷомеъа оиди масъалаи гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон;
  • Мустаҳакам намудани ҳамкорҳо бо намояндагони вазорату кумитаҳо, муасиссаҳою корхонаҳои давлати ва дигар ташкилотҳо барои мусоидат дар фаъолиятҳо оиди ҳал намудани масъалаҳои алоқаманд ба тағйирёбии иқлим ва кам намудани таъсири ва оқибатҳои негативии он ба саломати аҳоли ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ;
  • Омода намудани лоиҳаҳои Мехенизми рушти тозаи Протоколи Киотои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

    Пешгуҳои обу ҳаво
    Хабарҳои охирин

   Табиати Тоҷикистон

   Пурсишнома Порчаи    наворҳо оиди маркази    метеорологии тоҷик
   Пурсишнома Порчаи    наворҳо оиди маркази    метеорологии тоҷик