Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштироки мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари омӯзишии минтақавӣ оид ба мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна”

Санаи 18-19 апрели соли ҷорӣ мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари омӯзишии минтақавӣ оид ба мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна”, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар семинари омӯзишӣ обуҳавошиносони тоҷик бо ҳамкасбони худ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон табодули таҷриба намуда, бо усулҳои муосири омода намудани пешгӯии обу ҳаво тавассути таҷҳизотҳои замонавӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур диққати асосӣ ба масъалаҳои пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар сатҳи минтақавӣ, шарҳи арзёбии осебпазирӣ ба хатарҳои иқлимӣ ва таъсири онҳо дар сатҳи ҷомеаҳо дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, амалияи устувори кишоварзӣ, рушди деҳот ва устувории ҷамоатҳо, истифодаи самаранок ва идоракунии захираҳои обӣ дар сатҳи минтақавӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ равона гардид.

23.04.2024