Пешгӯии обу ҳавои ҷумҳурӣ барои моҳи ноябри соли 2026
Вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2° баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 9+13° гарм (меъёр: 8+11° гарм) ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 7+9° гарм (меъёр: дар ҳадди +7° гарм) мешавад.
Дар даҳрӯзаи аввали моҳ дар водиҳо ҳарорати ҳаво асосан шабона 11+16° гарм, рӯзона 21+26° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошад, шабона 9+14° гарм, рӯзона 16+21° гарм дар назар дошта шудааст.
Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии ботадриҷи ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 8+13° гарм то 3+8° гарм, рӯзона аз 17+22° гарм то 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 3+8° гарм то -1° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то +4° гарм, рӯзона аз 11+16° гарм то 6+11° гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 10-48мм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 54-69мм).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати 17-22м/с дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Вилояти Суғд
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2° баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 7+10° гарм (меъёр: 7+8° гарм), дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз -1° хунук то +4° гарм (меъёр: аз -1 хунук то +2° гарм) мешавад.
Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо асосан шабона 7+12° гарм, рӯзона 18+23° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона аз -1° хунук то +4° гарм, рӯзона 12+17° гарм дар назар дошта шудааст.
Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 3+8° гарм то -1+4°, рӯзона аз 11+16° гарм то 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2° то 3-8° хунук, рӯзона аз 6+11° гарм то 0+5° гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 11-26 мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 9-24 мм).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол бо суръати 15-20м/с пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани тормеғ аз эҳтимол дур нест.
Минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1° баланд пешгӯӣ шуда, 1+7° гарм, дар ноҳияи Дарвоз то +9° гарм мешавад (меъёр: 0+6° гарм, дар н.Дарвоз +8° гарм).
Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона аз 3+8° гарм то -1+4°, рӯзона аз 14+19° гарм то 9+14° гарм дар назар аст.
Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии ботадриҷи ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз -2+3° то 3-8° хунук, рӯзона аз 6+11° гарм то 2+7° гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: ноҳияҳои кӯҳии НТҶ 23-99мм, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 4-33мм).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 13-18м/с дар назар аст.
Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ то 1° хунук пешгӯӣ гардида, 7-13° хунук мешавад (меъёр: 7-12° хунук).
Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона аз 3-8° хунук то 10-15° хунук, рӯзона аз 5+10° гарм то 0+5° гарм дар назар аст.
Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 15-20° хунук то 24-29° хунук, рӯзона аз 0-5° хунук то 9-14° хунук мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: 1-6 мм, дар ҳудуди пиряхи Тоҷикистон (собиқ Федченко-119мм)).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 12-17м/с дар назар аст.
Соли монанд – 2024.