Нашрияҳо
Луғати мусаввари русӣ-тоҷикии истилоҳоти обуҳавошиносӣ ва тағйирёбии иқлим
Луғати мусаввари русӣ-тоҷикии истилоҳоти обуҳавошиносӣ ва тағйирёбии иқлим
© 2020, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ.
Мундариҷаи ин нашрия метавонад пурра ё қисман дар ҳама гуна шакл бо мақсадҳои таълимӣ ё ғайритиҷоратӣ бидуни иҷозати махсуси соҳибони ҳуқуқи муаллиф, ба шарте, ки сарчашмаи он эътироф карда шавад, такрор карда шавад.
Гурӯҳи кории луғат ва муаллифони пешбар:
Абдуалимов К., Назирова Н., Курбонов В., Кудратов Х., Муминов А.
Дар зимистони Сарез (кайдҳои гидролог)
Муаллиф — Пиров Александр Умарович — инженер-гидрологи хизби гидрографии Управленияи точикистонии хизмати гидрометеорологи ва назорати мухити табий.
Агар шумо ба харитаи Точикистон назар андозед, пас дар худи маркази Помир дар байни рангхои кабуди тира рахи тунуки кабудро дидан мумкин аст. Он аз рӯи шакл ба аждаҳои хурде шабоҳат дорад, ки барои ҷаҳидан омодагӣ мебинад ва сари худро баланд мекунад. Дар байни кӯҳҳои баланде, ки бо пиряхҳои пурқудрат фаро гирифта шудаанд, кӯли беназири Сарези пур аз асрори нокушода аст...
«Экспедицияи сеюми Помир». Пиряхи Федченко, 10-21 августи соли 2015.
Муаллиф: Аъзои чор экспедиция дар пиряхи Федченко — Давлятов Рашид Рахимович.
Бо иштироки: профессор В.Б.Айзен – Донишгоҳи Айдахо (ШМА)
Аз муаллиф: Дар ин макола оид ба фаъолияти экспедицияи байналхалқие, ки ба он профессор Владимир Айзен рохбарй мекард, сухан меравад. Ин мавод мақсади рисолаи илмй навиштан, инчунин тавсифи муфассали омода намудан ва гузарондани программаи техникиро дар бар намегирад. Ман ҳамчун муаллиф мехостам, ки дар бораи кори пурмаҳсули шахсиятҳое, ки ба Помир омадаанд ва мақсади тадқиқи яке аз калонтарин пиряххои сайёраи мо — пиряхи Федченкоро доранд ....
Муаллиф: Манижа Қурбонова, «Азия-Плюс».
Зиёда аз 80 сол аст, ки дар болои кӯҳҳои тарафи чапи пиряхи Федченко, дар баландии 4169 метр аз сатҳи баҳр станцияи обуҳавосанҷии ба номи академик Горбунов воқеъ аст, ки ҳанӯз 7 августи соли 1933 кушода шуда буд. Дар бораи таърихи станцияи баландтарини кӯсор ва имрӯзаи он — дар маводи «АП».
ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ВАЗЪИ КУНУНИИ ПИРЯХҲО «ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН МАНБАИ АСОСИИ ОБ ДАР МИНТАҚА»
Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёби иқлим ба раванди таъмини шароити
мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз
14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар
давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.
ВЛИЯНИЕ ИЗМЕНЕНИЯ КЛИМАТА НА СОВРЕМЕННОМ СОСТОЯНИИ ЛЕДНИКОВ «ЛЕДНИКИ ТАДЖИКИСТАНА ИСТОЧНИКИ ПРЕСНОЙ ВОДЫ В РЕГИОНЕ»
Интенсивное таяние ледников в результате изменения климата представляет
серьезную угрозу процессу обеспечения благоприятных условий жизни населения
и защите водных ресурсов. Достаточно отметить, что из 14000 ледников
Таджикистана, имеющих жизненное значение для всего региона, за последние 30
лет исчезли более чем 1000 небольших ледников.
Таъсири нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсоният
Таъсири нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсоният
Индекси ултрабунафш чист?
Индекси ултрабунафш стандарти байналхалқии арзёбии миқдори ултрабунафшии аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи Созмони милали муттаҳид ва Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ таҳияшуда мебошад. Он барои нишон додани таъсири эҳтимолии манфии радиатсияи ултрабунафш ба саломатӣ ва ташвиқи аҳолӣ барои ҳифзи худ пешбинӣ шудааст. Ҳар қадаре, ки индекси ултрабунафш зиёд бошад, эҳтимолияти зиён расонидан ба пӯст ва чашм зиёдтар мешавад. Ҳангоми баробар ба индекси 3-5 будани индекси ултрабунафш истифодаи воситаҳои муҳофизати зидди нӯрафшонии офтоб зарур аст.
“Жемчужина Таджикистана – ледник Федченко” - 2019 г. Автор: Участник четырёх экспедиций на леднике Федченко - Давлятов Рашид Рахимович.
От автора: В данной статье рассказывается о проведённой работе международной экспедицией руководимой профессором Владимиром Айзен. В ней не преследуется цель научного трактата, а также подробного описания подготовки и проведения технической программы. Мне, как автору, хотелось написать о сплочённой работе людей прилетевших на Памир, которые были объединены одной целью, исследование одного из крупнейших горных ледников нашей планеты – ледника Федченко.
ТАДБИРҲО ДАР САМТИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО
Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз соли 1956 то ин ҷониб собиқ шуъбаи гидрографӣ ва экспедитсионӣ (айни замон Маркази яхшиносӣ) мониторинги доимии пиряхҳоро мегузаронад. Фаъолияти ин бахш ба корҳои омӯзишӣ нисбати ҳолати пиряхҳо, захираи барф, кӯлҳои рахнашаванда, кӯлҳои пиряхӣ, инчунин пешгӯии сар задани зуҳуроти тарма ва сел равона гардидааст.
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Ҳаёти инсоният бо нафаскашӣ оғоз гардида бо қатъ гардидани он ба охир мерасад. Инсоният метавонад истеъмоли хӯроки пастсифатро рад намояд ва ё ин ки оби ифлосро нанӯшад, аммо ӯ бе нафаскашӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Рушди бемайлони шумораи аҳолӣ ва комёбиҳои илмӣ-техникӣ дар асл шароитро дар Сайёраи Замин дигаргун намудаанд. Тамаддуни башарӣ боиси таъсир ба табиат гардидааст. Ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои саноатӣ ба саломатии инсоният, ҳайвонот, растаниҳо, хок, биною иншоотҳо таъсири манфӣ расонида, тозагии атмосфераро коҳиш дода, намнокии ҳаворо зиёд намуда, миқдори рӯзҳои тумандорро зиёд ва дигар пайомадҳоро афзун менамояд.
Аз таърихи соҳаи обуҳавошиносӣ
Соҳаи обуҳавошиносӣ дар тамоми мамлакатҳои Сайёра яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ маҳсуб мегардад. Банақшагирии соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва обёрӣ дар шароити тағйирёбии иқлим аз пешбурди мушоҳидаҳо ва пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ сахт вобаста аст.
Аввалин мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар кишвар аз соли 1866 дар стансияи обуҳавосанҷии Хуҷанд оғоз гардида, то ибтидои асри ХХ ҳамагӣ 6 дидбонгоҳи обуҳавосанҷӣ ва 2 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъолият менамуданд.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо
Тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии Сайёра дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ буда, яке аз манбаҳои асосии захираи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз захираҳои обии Тоҷикистон на танҳо, сокинони дохилӣ, балки кишварҳои ҳамсоя низ баҳраманд мегарданд, аз ин рӯ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирёбии иқлим нигаронӣ намуда, чунин қайд намудаанд: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад. Тайи даҳсолаҳои охир коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар мавзеи сароби дарёҳои асосӣ, ки бар асари тағйирёбии глобалии иқлим ба вуқӯъ пайвастааст, дар минтақаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад. Тибқи иттилооти расонаҳои мухталиф, дар ин муддат, масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон қариб 35 фисад кам шудааст. Бо дарназардошти фоҷиаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем».
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2025 - СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон медиҳанд, ки дар сатҳи Замин гармшавии глобалӣ ба назар мерасад, ки ин ба ҳолати захираҳои табиӣ аз қабили кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва пиряхҳо таъсири манфии бевоситаи худро расонида истодааст ва таъсири ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ васеъ мушоҳида мегардад, чунки Тоҷикистон яке давлатҳое ба шумор меравад, дорои захираҳои обии фаровон аст.
Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ( Дар ҳошияи қатъноми нави СММ оид ба эълон гардидани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”)
Яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри XXI бо он рӯ ба рӯ гардидааст, тағйирёбии иқлими Сайёра ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии иқлим боиси баланд шудани ҳарорати ҳавои атмосферӣ, гузариши раванди биёбоншавӣ, камшавии захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Сайёра (аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёдшавии миқдори ҳодиссаҳои нохуши табиӣ гардидааст. Дар навбати худ ин ҳодисаҳои дар боло номбаршуда ба коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаби мушкилоти зиёде дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоии инсон шудаанд. Норасоии об, маҳсулоти ғизоӣ, камбағалӣ, мисоли ин ҳодисаҳоянд.
Cозмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) шикасти рекорди ҷаҳонии ҳарорати ҳаворо дар соли 2023 тасдиқ намуд
12 январи соли 2024
Cозмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) расман тасдиқ намуд, ки соли 2023 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳо арзёбӣ мегардад.
Паёмҳои асосӣ
Ø Ҳарорати миёнаи солонаи ҷаҳонӣ дар соли 2023 аз ҳарорати сатҳи пеш аз саноатӣ 1,45 ± 0,12 °C баландтар аст;
Ø Ҷаҳон ба маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Созишномаи Париж наздиктар мешавад;
Ø Зуҳуроти Эл - Нино дар якҷоягӣ бо тағйирёбии иқлим ба баланд шудани ҳарорат дар нимаи дуюми соли 2023 мусоидат намуд;
Ø Интизор меравад, ки соли 2024 эҳтимолан боз ҳам гармтар бошад;
Ø Гармии рекордиро оқибатҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ҳамроҳӣ мекунанд.