Агентӣ
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин стансияҳо ва дидбонгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар нимаи дуюми асри 19 пайдо шуданд. Нахустини онҳо — Хуҷанд соли 1866 кушода шудааст. Дар ибтидои асри 20 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 6 дидбонгоҳи обуҳавосанҷӣ ва 2 дидбонгоҳи обченкунӣ мавҷуд буд.
Мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ бо таъсиси Кумитаи обуҳавошиносии Тоҷикистон аз соли 1926 рушду нумӯ ёфтаанд.
Аввалин мушоҳидаҳои вазъи муҳити зист дар Тоҷикистон соли 1934 оғоз ёфта буданд. Инҳо асосан мушоҳидаҳои таркиби кимиёвии оби дарёҳо буданд, ки дар 14 объекти обӣ гузаронида шуда, маълумотҳои ба даст овардашуда вазъияти обанборҳои табиии кишварро тавсиф мекарданд. Ибтидои мушоҳидаҳои мунтазами вазъияти ҳавои атмосфера, об ва хок ба соли 1963 вобастагӣ дошта, вазифаҳои назорати сифати муҳити зист ба зиммаи Раёсати обуҳавошиносии кишвар гузошта шуда буд.
Дар ибтидои солҳои 60-ум дар 3 стансияҳое, ки дар минтақаҳои осебпазиртарин ҷойгир буданд, мушоҳидаҳо дар самти зуҳуроти сел ва тарма оғоз гардида, дар миёнаи ҳамон даҳсола дар стансияҳои Душанбе, Хоруғ, Тахтамишбек ба радиошунавонӣ шурӯъ намуданд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва аҳолиро бо пешгӯиҳои обу ҳаво, огоҳӣ оид ба амал омадани зуҳуроти номатлуби табиӣ, инчунин маълумот дар бораи вазъи ҳозира ва ояндаи муҳити табииро сари вақт ва боэътимод таъмин менамояд. Ин маълумот барои кам кардани таъсири офатҳои табиӣ ба муҳити зист, таъмини амнияти аҳолӣ, арзёбии тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо зарур арзёбӣ мегарданд. Хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ, ки айни замон аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ пешниҳод карда мешаванд, на танҳо таҳияи пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ ва огоҳӣ аз зуҳуроти шадиди обу ҳаво, балки пешгӯиҳои махсус барои мақсадҳои мушаххас, инчунин пешниҳоди доираи васеи маълумот оид ба иқлим ва дигар маълумоти махсусро дар бар мегирад.
Дар назди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳим меистанд, ки асосии онҳо аз инҳо иборатанд:
· таъминоти маълумоти обуҳавошиносӣ барои эҳтиёҷоти ахолӣ, хоҷагӣ ва мудофиаи мамлакат;
· таҳия ва тартиб додани пешгӯиҳои кӯтохмуддат ва дарозмуддати обуҳавошиносӣ;
· пешниҳоди маълумот дар бораи ҳолатҳои муҳити зист ва иқлим;
· ба ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаҳо пешниҳоди маълумот дар бораи вазъияти фавқулодда.
Ҳалли ин ва дигар вазифаҳо дар асоси таъсис ва таҳияи Системаи ягонаи давлатии мониторинги вазъи муҳити зист дар асоси истифодаи стансияҳои худкори мушоҳидавӣ, системаҳои баландсуръати алоқа ва воситаҳои муосири коркарди иттилоот сурат мегирад..
Агентии обуҳавошиносӣ манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар яке аз муассисаҳои махсуси СММ – Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУO) намояндагӣ мекунад. Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СУО буда, ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.