Ахбор
Бо мо ду рӯйдоди муҳимро ҷашн гиред: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 🌦️ 100-солагии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳаи иқлимро барои баррасии масъалаҳои зерин муттаҳид менамояд: ❄️ Ҳифзи пиряхҳо 🌡️ Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим 📡 Системаҳои муосири мониторинг ва пешгӯии обуҳавошиносӣ 💧 Идоракунии устувори захираҳои об 🤝 Ҳамкории байналмилалии илмӣ
06.08.2026
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, санаи 1 августи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
01.08.2026
Дар шароити таъсири тағйирёбии иқлим ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ, мониторинги мунтазами пиряхҳо, захираҳои барф ва кӯлҳои пиряхии рахнашаванда яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти обӣ ба ҳисоб меравад.
30.07.2026
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи сифати ҳаво дар ҷумҳурӣ омода гардид, https://airquality.meteo.tj ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар мамлакат маълумоти даққиқ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пайдо намоянд.
13.07.2026
2 июли соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои сохторӣ баргузор гардид.
02.07.2026
Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» бо иштироки васеъи роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҳамоиш баргузор гардид. Нахуст муовини директори Агентӣ Пирзода С.М. баромад намуда, аҳли нишаст ва дар ин замина кулли мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қабули ин санади байналмиллалӣ табрик намуданд.
30.06.2026
Душанбе, 25 июни соли 2026 — Дар бинои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён Нақшаи амал барои солҳои 2026–2028, масъалаҳои такмили низоми мониторинг ва арзёбӣ, рушди платформаи таҳлиливу иттилоотӣ, мубодилаи байниидоравии маълумот ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал таҳти унвони «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» (Early Warnings for All)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
25.06.2026
Рӯзҳои 22–25 июни соли 2026 намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Корея ва Институти метеорологии Корея бо сафари корӣ ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадафи асосии сафари корӣ шиносоӣ бо вазъи кунунии шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷии кишвар, арзёбии фаъолияти стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ ва баррасии имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди инфрасохтори обуҳавошиносӣ ва технологияҳои иттилоотӣ арзёбӣ гардид.
25.06.2026
24 июни соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ зери унвони “Ваҳдати миллӣ - пояи устувори давлат!” бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандон баргузор гардид.
24.06.2026
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар самти мониторинги иқлим, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо сол то сол густариш меёбанд. Бонки Осиёии Рушд ҳамчун яке аз шарикони асосии рушд аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими соҳавӣ ҷиҳати таҳкими иқтидори техникӣ, рушди низоми мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон дастгирии доимӣ менамояд.
17.06.2026