Ахбор

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мавсимҳои сол ҷиҳати муайян намудани захираи барф ва ҳолати пиряхҳои кишвар корҳои тадқиқотӣ-омӯзишӣ, экспедитсияҳо ва мушоҳидаҳои аэровизуалиро амалӣ менамояд.
29.09.2023

"Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон" ба хотири имзои Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон муқаррар карда шуда, аз соли 1995 инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
15.09.2023

Санаи 7 сентябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати “32 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият, воҳидҳои сохтории Агентӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
08.09.2023

Ҳамватанони азиз! Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 32 солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. Санаи 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд.
08.09.2023

Таърихи 5 сентябри соли 2023 вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОР) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам сурат гирифт.
06.09.2023

Рӯзҳои 29-30 августи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ (НММ) барои Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
30.08.2023

Санаи 4 августи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ" (маблағгузории иловагӣ)" вохӯрии Гурӯҳи рушди занони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
04.08.2023

Таърихи 27 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Осмони соф”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Агентӣ, инчунин Ташрифзода А.- муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва Давлатова Ҳ. мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Душанбе иштирок доштанд.
28.07.2023

Таърихи 21 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои кишвар, Барномаи рушди СММ ва ВАО иштирок доштанд.
21.07.2023

Санаи 4 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қиёмзода З. инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.
04.07.2023