Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ахбор

Омӯзиш (тренинг) дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж»
Омӯзиш (тренинг) дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж»

Санаи 13 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ омӯзиш (тренинг) оид ба омодасозии ҳисоботдиҳӣ дар бахши равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот тибқи Дастурҳои IPCC (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - ГКБТИ) 2006 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ доир гардид.

15.08.2025

Бештар
Омӯзиш (тренинг) дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж»
Омӯзиш (тренинг) дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж»

Санаи 12 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ омӯзиш (тренинг) оид ба омодасозии ҳисоботдиҳӣ дар бахши идоракунии партовҳо тибқи Дастурҳои IPCC (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - ГКБТИ) 2006 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои марбутаи ҷумҳурӣ доир гардид.

12.08.2025

Бештар
Иштирок дар аксияи “Тозагии маҳал” дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии “Seven Lakes”
Иштирок дар аксияи “Тозагии маҳал” дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии “Seven Lakes”

Рӯзҳои 2-3 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи экологии "Тозагии маҳал" баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии “Seven Lakes” сурат гирифт ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи муҳити зист ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим буд.

04.08.2025

Бештар
Баргузории семинар дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҷиҳати тақвияти қобилиятҳо дар самти шаффофият (CBIT)
Баргузории семинар дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҷиҳати тақвияти қобилиятҳо дар самти шаффофият (CBIT)

Санаи 31 июли соли 2025, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, семинари омӯзишӣ оид ба тақвияти қобилияти техникӣ дар самти шаффофият дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚ СММ ТИ) баргузор гардид. Семинар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ доир гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳо дар самти мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

31.07.2025

Бештар
Баргузории семинар оид ба баланд бардоштани  қобилияти техникии корӣ
Баргузории семинар оид ба баланд бардоштани қобилияти техникии корӣ

Санаи 25 июли соли 2025 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар оид ба масъалаҳои тақвияти қобилияти техникӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ роҳандозӣ гардид.

25.07.2025

Бештар
Курси омӯзишӣ дар мавзӯи: «Батиметрия ва моделсозии кӯлҳои рахнашавандаи кӯҳӣ»
Курси омӯзишӣ дар мавзӯи: «Батиметрия ва моделсозии кӯлҳои рахнашавандаи кӯҳӣ»

Аз 7 то 11 июли соли ҷорӣ, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиширо дар мавзӯи «Батиметрия ва моделсозии кӯлҳои рахнашавандаи кӯҳиро» баргузор намуд.

14.07.2025

Бештар
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025

Санаи 2 июли соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2025 бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ баргузор гардид.

02.07.2025

Бештар
Маросими кушодашавии  Маркази нави обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ
Маросими кушодашавии Маркази нави обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ

Санаи 26 июни соли 2025 дар доираи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ, ҳамзамон Ризо Назарзода -Раиси шаҳри Хоруғ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Азим Иброҳим-вазири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Фонди Оғохон дар Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази нави обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

30.06.2025

Бештар
Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди  “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”
Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”

Санаи 26 июни соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандон баргузор гардид.

26.06.2025

Бештар
БИНОИ НАВИ СТАНСИЯИ БАРФУ- ТАРМАСАНҶИИ НАВОБОДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
БИНОИ НАВИ СТАНСИЯИ БАРФУ- ТАРМАСАНҶИИ НАВОБОДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Санаи 24 июни соли 2025 дар арафаи тантанаҳои Ҷашни Ваҳдати Миллӣ, бинои нави стансияи барфу-тармасанҷӣ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон ба истифода дода шуд. Фаъолияти стансияи мазкур барои таъмини бехатарии роҳҳо ва сокинон дар фасли зимистон бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои табиӣ, ба вижа боришоти барф ва сар задани зуҳуроти тарма нигаронида шудааст. Стансия бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва системаи мониторингӣ вазъияти барфу тармаро пайгирӣ менамояд, ки ин дар навбати худ аз хатарҳои эҳтимолӣ барои аҳолӣ ва мусофирон пешгирӣ менамояд.

24.06.2025

Бештар