Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ дар ҳавзаи дарёи Муҷоб (Муқсу), Пиряхи Тоҷикистон (Федченко) ва ҳавзаи дарёи Сурхоб гузаронида шуд

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ», Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти мониторинг ва омӯзиши ҳолати криосфера идома медиҳад.

Дар ин замина, санаи 6 августи соли 2026 Агентӣ ҷиҳати иҷрои банди 4.3 –и “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” барои таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати захираҳои барф, назорати ҷараён ва инкишофи захираҳои обӣ, пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ, инчунин пешгӯии сар задани зуҳуроти табиӣ, мушоҳидаҳои аэровизуалиро дар ҳавзаи дарёи Муқсу, Пиряхи Тоҷикистон (Федченко) ва ҳавзаи дарёи Сурхоб ба роҳ монд, ки дар рафти он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шерализода Б. А., директори Агентии обуҳавошиносӣ - Қурбонзода А. Ҳ., мутахассисони соҳавии Агентӣ ва намояндаи Васоити ахбори омма иштирок намуданд. 

Ҳадафи асосии мушоҳидаҳо арзёбии вазъи захираҳои барфу ях, муайян намудани тағйироти ҷории пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ, инчунин ҷамъоварии маълумоти саҳеҳ барои такмили низоми мониторинг ва арзёбии хавфҳои эҳтимолии вобаста ба пиряхҳо мебошад.

Натиҷаи мушоҳидаҳои аэровизуалӣ нишон доданд, ки пиряхҳои омӯхташаванда дар ҳолатҳои гуногуни динамикӣ қарор дошта, равандҳои ақибнишинӣ, обшавӣ, коҳиши захираи барфу ях, коҳишёбии забонаҳои пиряхӣ ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ идома доранд.

Дар байни пиряхҳои мавриди омӯзиш қарордошта пиряхҳои Деҳдал ва Қизилкӯл бо фаъолияти динамикӣ ва эҳтимоли ташаккули равандҳои хатарнок фарқ мекунанд. Дар пиряхи Сайид Нафисӣ (Баралмос) коҳиши захираи барф ва мавҷудияти кӯлҳои пиряхӣ мушоҳида гардида, дар низоми пиряхҳои Тоҷикистон (Феченко) бошад таназзули пиряхҳои хурд, ақибнишинии шохаҳо, коҳишёбии забонаи пирях, тағйирёбии ҳаҷму масоҳати пирях ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ ва гидрологии пиряхҳо барои таъмини захираҳои обии кишвар, инчунин хавфи эҳтимолии селҳои пиряхӣ ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, идомаи мониторинги мунтазам ва ҳамгирошуда аҳамияти муҳимро дорад.

Агентии обуҳавошиносӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор минбаъд низ мониторинги захираҳои барф, пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхиро идома дода, барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмии криосфера, пешгӯии тағйироти захираҳои обӣ ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиии вобаста ба пиряхҳо тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

19.08.2026