Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ЯКПОРЧАГИИ МИЛЛАТ!

Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон — рамзи сулҳу субот ва якпорчагии миллат! » ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок намуда, аз таърих ва қабулӣ Парчами давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлоливу давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад ёдовар шуданд.

Нахуст, муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Пирзода Суннатуллоҳ Мирзомудин бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аҳли нишаст, инчунин тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашни муҳими миллӣ самимона табрик гуфтанд.

Зимни суханронӣ мавсуф оид ба таърихи парчамдории миллати тоҷик, талошу ҷоннисориҳои гузаштагони мо дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули рамзҳои давлатдорӣ ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки Парчами давлатӣ дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, озодиву истиқлол ва ҳастии миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ҳамзамон, аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуд, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллию фарҳангии мардумро таҷассум менамояд.

Дар идомаи ҳамоиш баромадкунандагон вобаста ба мақому манзалати Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ андешаронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари таърих, фарҳанг, шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии кишвар дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҷойгоҳи хосса дорад.

Таъкид гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Чорабинӣ дар фазои тантанавию идона, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ баргузор гардида, дар таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва садоқат ба Ватани азиз нақши муҳим гузошт.

23.11.2026