Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ДАР ҲОШИЯИ КОНФРОНСИ 31-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ (COP31) НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ДАР МУҲОКИМАИ ПАНЕЛӢ ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ НАМУД

Дар ҳошияи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷараён дорад, дар Павилиони Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) муҳокимаи панелӣ оид ба истифодаи маълумоти обуҳавошиносӣ ва иқлимӣ ҷиҳати таҳкими низомҳои огоҳкунии бармаҳал ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ташкил карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш мутахассиси соҳаи мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуд.

Зимни суханронӣ намояндаи Агентӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти истифодаи маълумоти обуҳавошиносӣ ва иқлимӣ ҷиҳати огоҳкунии бармаҳал, пешгӯии зуҳуроти хавфноки обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ муаррифӣ намуд.

Дар ин замина, ба нақши маълумоти иқлимӣ ва технологияҳои рақамӣ дар такмили равандҳои пешгӯӣ, инчунин сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамзамон, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва табодули маълумоти иқлимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштироки намояндаи Агентӣ дар чорабинии мазкур барои муаррифии таҷрибаи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони минтақавию байналмилалӣ дар самти таъмини устувории иқлимӣ ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

 

17.11.2026