Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ахбор

ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБАИ МИЛЛИРО ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ ЛОИҲАИ “GLOFCA” ДАР ШАҲРИ АЛМАТО МУАРРИФӢ НАМУД (2 – 4 ноябри соли 2026 | шаҳри Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон)
ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБАИ МИЛЛИРО ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ ЛОИҲАИ “GLOFCA” ДАР ШАҲРИ АЛМАТО МУАРРИФӢ НАМУД (2 – 4 ноябри соли 2026 | шаҳри Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон)

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Семинари чоруми минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар доираи лоиҳаи ЮНЕСКО – Фонди мутобиқшавӣ «Паст намудани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз оқибатҳои рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» (GLOFCA), ки рӯзҳои 2 – 4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

05.11.2026

Бештар
КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА!
КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА!

Санаи 5 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори ҷомеа!» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ иштирок намуданд.

05.11.2026

Бештар
Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ  бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 октябри соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

22.10.2026

Бештар
Насби стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ноҳияи Мурғоб
Насби стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ноҳияи Мурғоб

Санаи 20 октябри соли ҷорӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2026, дар фурудгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд.

21.10.2026

Бештар
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДОНӢ  ВА ТАЪМИНИ ТOЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДОНӢ ВА ТАЪМИНИ ТOЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Бо мақсади татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон дар доираи амалисозии ҳадафҳои соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», санаи 17 октябри соли равон дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

17.10.2026

Бештар
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ПОЯИ ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ПОЯИ ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ, омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ ва василаи пайванди наслҳо дар ҳаёти ҷомеа мақому нақши арзишманд дорад. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги он, ҳамасола 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи забони давлатӣ» таҷлил гардида, ба масъалаҳои ҳифз, гиромидошт ва рушди забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

05.10.2026

Бештар
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ  дар нуҳ моҳи соли 2026
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар нуҳ моҳи соли 2026

Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳо баргузор гардид.

30.09.2026

Бештар
Аксияи тозагии соҳил дар Резервати биосферии “Ромит” баргузор гардид
Аксияи тозагии соҳил дар Резервати биосферии “Ромит” баргузор гардид

Санаи 26 сентябри соли 2026 дар доираи Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мавзеъҳои Тоҷикистон дар феҳристҳои ЮНЕСКО: эътирофи “Ромит” ҳамчун нахустин резервати биосферии кишвар ва дурнамои ҳифзи мероси табиӣ» аксияи тозагии соҳил баргузор гардид.

27.09.2026

Бештар
Семинари машваратӣ оид ба махсусиятҳои  Озмоишгоҳи таъмири таҷҳизоти электронӣ
Семинари машваратӣ оид ба махсусиятҳои Озмоишгоҳи таъмири таҷҳизоти электронӣ

18 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» семинари машваратӣ оид ба махсусиятҳои Озмоишгоҳи таъмири таҷҳизоти электронӣ баргузор гардид.

18.09.2026

Бештар
Дар пиряхи Тоҷикистон (Федченко) экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов баргузор гардид
Дар пиряхи Тоҷикистон (Федченко) экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов баргузор гардид

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва татбиқи ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034”, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти мониторинг ва омӯзиши ҳолати криосфера идома медиҳад.

11.09.2026

Бештар