Ахбор
Санаи 24-25 апрели соли 2025 дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар ш.Алмаато дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари миллии мониторинги криосфераро дар шаҳри Душанбе ташкил намуданд.
01.05.2025
2025 барои ҳифзи пиряхҳои сайёра соли таърихӣ хоҳад буд! Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардааст.
29.04.2025
Обшавии пиряхҳо аллакай воқеият мебошад, ки иқлим, манзараҳо ва зиндагии миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон тағйир медиҳад. Аз ҷумла:
22.04.2025
Санаи 16 апрели соли 2025 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Каритас Швейтсария ва Идораи федералии обуҳавошиносӣ ва иқлимшиносии Швейтсария (MeteoSwiss) Форуми миллӣ оид ба иқлимро баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) иштирок доштанд.
17.04.2025
Санаи 10 апрели соли 2025 вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Илкка Райсанен баргузор гардид.
11.04.2025
Хабарнигорон аз саросари Тоҷикистон, аз ҷумла рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, шабакаҳои телевизионӣ, Клуби Эко-журналистон ва дастаи рӯзноманигорони КҲМЗ дар семинари омӯзишӣ оид ба «Тақвияти гузоришҳои илмӣ дар бораи обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ADB Tajikistan - АБР Таджикистан баргузор гардид, ҷамъ омаданд.
09.04.2025
5 апрели соли 2025, дар доираи рӯзи дуюми Форумии иқлимии Самарқанд (4-5 апрели 2025), Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи пленарии «Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ ба чолишҳои кризиси сегонаи сайёҳӣ» суханронӣ намуд.
07.04.2025
Санаи 2-3 апрели соли 2025 дар ш.Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари сеюми зерминтақавӣ: Барномаҳои миллӣ ва зерминтақавии амалҳо аз рӯи криосфера ва тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
03.04.2025
Санаи 2 апрели соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025 бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурзода Исфандиёр Шукур баргузор гардид.
02.04.2025
Рӯзҳои 21–22 марти соли 2025, Тоҷикистон, ЮНЕСКО ва ВМО Рӯзи Ҷаҳонии Пиряхҳо ва Рӯзи Ҷаҳонии Обро бо баргузории силсила чорабиниҳои сатҳи баланд дар Душанбе, Ню-Йорк ва Париж таҷлил карданд. Муҳокимаҳои мазкур зарурати амалҳои фавриро барои ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои оби кӯҳӣ, ки барои миллиардҳо одамон дар ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, таъкид намуданд.
28.03.2025