Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ бо директори бахши хизматрасониҳои экспертӣ ва метеорологии Институти метеорологии Финландия (FMI)

Санаи 23 апрели соли 2026 дар доираи Саммити минтақавии экологӣ - 2026 (СМЭ 2026), дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори бахши хизматрасониҳои экспертӣ ва метеорологии Институти метеорологии Финландия (FMI) Гарри Питерила вохӯрии дуҷониба баргузор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро байни Агентии обуҳавошиносӣ ва Институти метеорологии Финландия дар самти мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ, такмили системаҳои мушоҳида ва табодули таҷриба оид ба ҷорӣ намудани технологияҳо ва усулҳои муосир баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими иқтидори техникӣ, рушди низоми мушоҳидаи сифати ҳаво, инчунин омодасозии мутахассисон, насби стансияҳои сифати ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар ин самт зоҳир гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии мониторинги муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст, изҳор намуданд.

27.04.2026