Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиши назариявӣ ва амалии “Системаи пешгӯии селҳои ногаҳонӣ (CARFFGS)”

Рӯзҳои 20–23 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон курси минтақавии баланд бардоштани тахассус дар самти пешгӯии селҳои ногаҳонӣ (Flash Flood Forecasting System – FFGS) баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Курси омӯзишӣ бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ва дар ҳамкорӣ бо Хадамотҳои миллии обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил гардида, ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони соҳа равона карда шуд. Дар он намояндагони хадамотҳои миллии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Туркманистон иштирок доштанд.

Дар доираи омӯзиш мутахассисон бо нозукиҳои кори “Системаи пешгӯии селҳои ногаҳонӣ (CARFFGS)” шинос шуда, усулҳои муосири таҳлили маълумоти обуҳавошиносӣ, тарзи истифодаи маҳсулоти системаи “FFGS”, баланд бардоштани сифати пешгӯиҳои кӯтоҳмуддат, инчунин таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мубодилаи иттилоотро аз худ намуданд. Ҳамзамон таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти идоракунии хавфҳои селҳо ба таври назариявӣ ва амалӣ баррасӣ гардид.

Қайд гардид, ки баргузории чунин курсҳо барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони Агентии обуҳавошиносӣ аҳамияти муҳим дошта, ба такмили дониш ва малакаҳои мутахассисон дар самти пешгӯии селҳои ногаҳонӣ, таҳлили хавфҳо ва истифодаи технологияҳои муосири обуҳавошиносӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми курси омӯзишӣ маросими ҷамъбастӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва бомуваффақият хатм намудани барнома сертификатҳо тақдим карда шуданд.

27.04.2026