Рӯзҳои 15-17 апрели соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба баланд бардоштани иқтидор дар самти шаффофият бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба шаффофияти маълумоти иқлимӣ, маблағгузории иқлимӣ ва татбиқи чорабиниҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, иштирокчиён мавзӯъҳои «Таҳияи гузориши панҷуми миллӣ оид ба инвентаризатсияи газҳои гулхонаӣ», «Харитаи роҳ барои Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0», «Хронологияи ҳисоботдиҳӣ ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим», «Маблағгузории иқлимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои муҳими иқлимиро муҳокима намуданд.
Қайд гардид, ки барои кишварҳо маблағгузории иқлимӣ тавассути фондҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Фонди иқлимии сабз, Фонди умумиҷаҳонии экологӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ омили муҳим барои таҳкими иқтидори институтсионалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон чунин маблағгузориҳо ба рушди низоми миллии барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и газҳои гулхонаӣ, баланд бардоштани сифати ҳисоботдиҳӣ ва ҷорӣ намудани қарорҳои устувору дарозмуддати иқлимӣ мусоидат менамоянд. Ин қарорҳо бо афзалиятҳои рушди миллӣ ва ӯҳдадориҳои кишвар дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим мутобиқ мебошанд.






17.04.2026