Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштирок дар чорабинии ЮНЕСКО: “Криосфераи Осиёи Марказӣ: аз арзёбии илмӣ то амалҳои муштарак оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим”

Санаи 23 апрели соли 2026 дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ – 2026 роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии ЮНЕСКО таҳти унвони “Криосфераи Осиёи Марказӣ: аз арзёбии илмӣ то амалҳои муштарак оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони Агентии обуҳавошиносӣ баромад намуда, нақши калидии пиряхҳои Тоҷикистонро ҳамчун манбаи асосии таъминкунандаи ҷараёни устувори дарёҳои бузурги фаромарзии минтақа таъкид намуданд. Зикр гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим коҳишёбии босуръати пиряхҳо дар солҳои охир ба амнияти обӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолати экологии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар ин замина, зарурати таҳкими мониторинги илмӣ, мубодилаи маълумот ва ҳамоҳангсозии иқдомҳои муштарак миёни кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозӣ оид ба гляциология дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ қадами муҳими амалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ ва таҳкими иқтидори кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Ин марказ метавонад ҳамчун платформаи минтақавӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, рушди таҳқиқоти муштарак ва омода намудани мутахассисони яхшинос хизмат намояд.

Дар баромади мутахассисони соҳавии Агентӣ инчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи криосфера аҳамияти махсус медиҳад. Аз ҷумла, оид ба зарурати пешбурди қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок, татбиқи ташаббусҳои муштарак оид ба ҳифзи пиряхҳо, коҳиши хавфҳои вобаста ба обшавии онҳо ва идоракунии устувори захираҳои обӣ зикр карда шуд. Дар ин замина, омодагии Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва кишварҳои минтақа ҷиҳати татбиқи иқдомҳои муштарак бори дигар таъкид гардид.

24.04.2026