Ахбор
Санаи 23 апрели соли 2026 дар доираи Саммити минтақавии экологӣ - 2026 (СМЭ 2026), дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори бахши хизматрасониҳои экспертӣ ва метеорологии Институти метеорологии Финландия (FMI) Гарри Питерила вохӯрии дуҷониба баргузор намуданд.
27.04.2026
Рӯзҳои 20–23 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон курси минтақавии баланд бардоштани тахассус дар самти пешгӯии селҳои ногаҳонӣ (Flash Flood Forecasting System – FFGS) баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
27.04.2026
Дар доираи барномаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 21 – 24 апрели соли 2026 курси омӯзишӣ оид ба технологияҳои мушоҳидаи метеорологӣ ва системаҳои пешрафтаи пешгӯии обу ҳаво баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳадафи асосӣ коҳиш додани хатарҳои марбут ба зуҳуроти обуҳавосанҷӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва омӯзиши ҷузъҳо ва усулҳои нигоҳдории Стансияхои худкори метеорологӣ (AWS) арзёбӣ мегардад.
24.04.2026
Санаи 23 апрели соли 2026 дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ – 2026 роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии ЮНЕСКО таҳти унвони “Криосфераи Осиёи Марказӣ: аз арзёбии илмӣ то амалҳои муштарак оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” иштирок ва суханронӣ намуданд.
24.04.2026
Санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар доираи Саммити минтақавии экологӣ – 2026, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло дар маросими ифтитоҳи Конфронси ҳаштуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ба мавзӯи «Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0: аз ӯҳдадориҳо то амалҳо» бахшида шудааст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
23.04.2026
Рӯзҳои 15-17 апрели соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба баланд бардоштани иқтидор дар самти шаффофият бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
17.04.2026
Рӯзҳои 7–10 апрели соли 2026 бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ ҷаласаҳои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият баргузор гардиданд.
10.04.2026
Санаи 7 апрели соли ҷорӣ дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории директори Агентӣ Қурбонзода А.Ҳ. бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд, аз ҷумла бо Ҷианфэн Чжан, директори бахши кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳоти бонк баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии татбиқи ташаббусҳои амалкунанда, аз ҷумла лоиҳаи “Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ”-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин ба масъалаҳои омодасозии лоиҳаи нав дар самти хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва коҳиш додани хавфҳои зуҳуроти табиӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Самтҳои калидии ҳамкорӣ рушди иқтидори техникӣ, навсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо арзёбӣ гардиданд.
08.04.2026
Рӯзҳои 7 - 8 апрели соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми технологӣ дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Агентии обуҳавошиносӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
08.04.2026
Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои мустақил ва хориҷи кишвар масъалаи раддабандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бозтоб гардида, мавриди баҳс қарор дода шуда истодааст. Тибқи маълумоти пажуҳишгоҳи «IQAir»-и Швейтсария, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи 3-юм нишон додааст. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нашри раддабандии байналмилалӣ оид ба ифлосшавии ҳавои атмосферӣ зарур мешуморад, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад. Раддабандии мазкур дар асоси консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои хурди дисперсион андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) таҳия гардида, ҳамаи омилҳои таъсиррасон ба сифати ҳавои атмосфериро дар қаламрави кишвар пурра инъикос намекунад.
04.04.2026