Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РАСМИИ КОНФРОНСИ 31-УМИ ТАРАФҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Санаи 9 ноябри соли 2026 дар маросими ифтитоҳи расмии Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ин чорабинии муҳими байналмилалӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои узви Конвенсия, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ баргузор гардида, ба баррасии роҳҳои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим, татбиқи ӯҳдадориҳои иқлимӣ ва таҳкими чораҳои мутобиқшавӣ равона шудааст.

Дар рӯзномаи конфронс масъалаҳои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, маблағгузории иқлимӣ, рушди технологияҳои муосир, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва баланд бардоштани шаффофияти иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ мавқеи муҳим доранд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обу пиряхҳо буда, ҳамзамон ба таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, иштироки фаъол дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ аҳаммияти махсус дорад. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти обӣ, пешгирии хатарҳои обуҳавошиносӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири мониторинг ва рушди низоми огоҳсозии бармаҳал аз самтҳои муҳими ҳамкории кишвар дар соҳаи иқлим ба ҳисоб мераванд.

Иштирок дар чорабиниҳои марбут ба Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) метавонад барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ, густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои соҳавӣ ва муассисаҳои илмӣ, ҷалби имкониятҳои техникӣ ва молиявӣ, инчунин муаррифии афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаи мусоид фароҳам оварад.

12.11.2026