Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Семинари чоруми минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар доираи лоиҳаи ЮНЕСКО – Фонди мутобиқшавӣ «Паст намудани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз оқибатҳои рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» (GLOFCA), ки рӯзҳои 2 – 4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Семинар аз ҷониби Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ташкил гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, хадамоти обуҳавошиносӣ, муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба ҳам овардааст. Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷамъбасти натиҷаҳои лоиҳа, табодули таҷрибаи миллӣ ва таҳияи тавсияҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти коҳиш додани хавфҳои марбут ба рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ арзёбӣ гардид.
Дар доираи ҷаласаҳои мавзӯӣ намояндагони Тоҷикистон натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи амалии татбиқи лоиҳаро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, натиҷаҳои моделсозии рахнашавии кӯли пиряхии Саид Нафисӣ (Баралмос), сенарияҳои эҳтимолии рахнашавӣ ва арзёбии минтақаи эҳтимолии зериобмонӣ, инчунин роҳҳои ҳалли техникии таҳия ва ҷорӣ намудани низоми огоҳкунии бармаҳал барои минтақаи пилотӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ба таҷрибаи татбиқи чораҳои иловагии мутобиқшавӣ бо хароҷоти кам дар ҷамоати Сурхоби ноҳияи Лахш, ки ба коҳиш додани хавфҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ равона гардидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Намояндагони Агентии обуҳавошиносӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Академияи миллии илмҳо, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар муҳокимаҳои марбут ба мониторинг ва пешгӯии зуҳуроти хатарноки табиӣ, паҳн намудани огоҳиномаҳо, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, баланд бардоштани омодагии аҳолӣ ва ташкили чораҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолона иштирок намуданд.
Барномаи семинар инчунин баррасии масъалаҳои лоиҳакашӣ, ҷорӣ намудан ва истифодаи низомҳои огоҳкунии бармаҳал, кори гурӯҳҳои мавзӯӣ оид ба ҷамъбасти таҷрибаи андӯхташуда ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро дар бар мегирифт. Дар рӯзи ҷамъбастии семинар намояндагон аз Маркази асосии диспетчерии Муассисаи давлатии «Қазселезащита» ва маркази диспетчерии назди сарбанди Медеу боздид намуданд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар семинари мазкур ба муаррифии таҷрибаи миллӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди равишҳои муштарак дар самти мониторинги кӯлҳои пиряхӣ, такмили низомҳои огоҳкунии бармаҳал ва баланд бардоштани устувории минтақаҳои кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.








05.11.2026