Дар ҳошияи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷараён дорад, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором ба имзо расонида шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ ва захираҳои обӣ, инчунин мубодилаи дониш ва таҷриба изҳор намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои таҳкими иқтидори техникии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони соҳавӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, роҳандозии ташаббусҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои дарозмуддат, ки ба баланд бардоштани устувории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба хавфҳои иқлимӣ ва обуҳавошиносӣ равона шудаанд, таъкид намуданд.



16.11.2026