Дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда истодааст, мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Батир Мамедов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи обуҳавошиносӣ, табодули маълумоту таҷриба, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро, ки ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар шароити тағйирёбии иқлим равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Натиҷаи муҳими мулоқот ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Боси зикр аст, ки имзои санади мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати роҳандозӣ намудани фаъолияти муштарак дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани устувории иқлимӣ равона мегардад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд, табодули дониш ва таҷриба, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ барои таҳкими соҳа, ҳамзамон татбиқи чорабиниҳои муштарак, ки ба таҳкими иқтидор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти обуҳавошиносӣ дар минтақа мусоидат менамоянд, изҳор доштанд.
Имзои Ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавии Агентӣ, инчунин таҳкими робитаҳо бо ташкилоту муассисаҳои соҳавии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.



12.11.2026