Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони “35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим” багузор гардид

18 августи соли 2026 бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони соҳаи обу иқлим, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, шарикони рушд ва ВАО баргузор гардид.

Конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки баргузории конфронс ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба муаррифии дастовардҳои кишвар дар рушди соҳаи обуҳавошиносӣ, пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва рушди илми иқлимшиносӣ равона шудааст.

Дар суханронии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оид ба аҳамияти рушди низоми мониторинги обуҳавошиносӣ, таҳкими иқтидори илмӣ, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим махсусан таъкид гардид. Ҳамчунин, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон, муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркус Дюрст, Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки конфронси мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳамчун майдони муколамаи  байналмилалӣ барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам, баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин таҳияи роҳҳои амалии ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва рушди низоми мониторинги соҳаи обуҳавошиносӣ хизмат менамояд.

Дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ, ҷаласаҳои мувозӣ ва муҳокимаҳои панелӣ иштирокчиён мавзӯъҳои муҳими марбут ба мониторинги обуҳавошиносӣ, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои “Мушкилоти муосир ва роҳҳои амалии ҳалли онҳо дар самти мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо”, “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2034”, “Коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим: роҳҳои асосӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор”, “Ҳифзи пиряхҳо ва рушди таҳқиқоти криосфера: дастовардҳои илмӣ, мониторинг ва ҳамкориҳои байналмилалӣ”, “Мушкилоти ҷаҳонӣ, ҳалли миллӣ ва шарикии байналмилалӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва самти тағйирёбии иқлим”, “Нақши сармоягузорӣ, навоварӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар рушди соҳаи обуҳавошиносӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда” ва дигар масъалаҳои марбут мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии конфронс муттаҳид намудани талошҳои мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд ҷиҳати баррасии мушкилоту дурнамои рушди соҳаи обуҳавошиносӣ, ҳифзи пиряхҳо ва коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим мебошад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои конфронс барои такмили низоми мониторинг ва пешгӯии обуҳавосанҷӣ, рушди таҳқиқоти криосфера, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани устувории кишвар ба хатарҳои иқлимӣ мусоидат намуда, дар амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор саҳми назаррас мегузорад.

 

19.08.2026