Бо мақсади татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон дар доираи амалисозии ҳадафҳои соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», санаи 17 октябри соли равон дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар рафти шанбегӣ кормандони Агентӣ корҳои тозаву озода намудани ҳудуди атрофи бинои маъмурӣ ва роҳравҳо, ҷамъоварӣ ва бартарафсозии партовҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, тоза намудани қитъаҳои замин аз алафҳои бегона, нарм намудани хоки атрофи дарахтон, инчунин обёрии дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо анҷом доданд.
Чорабинии мазкур ба беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиенӣ, нигоҳдории дарахтону буттаҳо, сабзазорҳо, ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди экологӣ мусоидат намуд.
Тозагии муҳити зист, ҳифзи фазои сабз ва муносибати масъулиятнок ба табиат вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, барои таъмини муҳити солиму тоза ва ободии кишвар аҳаммияти муҳим дорад.





17.10.2026