16 ноябри соли 2026 дар доираи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории Манораҳои обӣ: аз илми криосфера то устувории иқлим дар Осиёи Марказӣ»» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва коршиносони соҳаи яхшиносӣ иштирок намуда, масъалаҳои ҳолати криосфера, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии илмиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа намояндаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, натиҷаҳои фаъолияти Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, дастовардҳои соҳавӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва аҳаммияти таҳқиқоти муштаракро муаррифӣ намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ Агентӣ ҷомеаи байналмилалии илмӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва дигар ҷонибҳои ҳавасманди кишварҳои ҷаҳонро барои иштирок дар экспедитсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар пиряхи Тоҷикистон (Федченко), бахшида ба 100-солагии нахустин экспедитсияи байналмилалии географӣ-глятсиологӣ даъват намуд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ва муаррифии ташаббусҳои мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, рушди илми пиряхшиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои обӣ мусоидат менамояд.


17.11.2026