Агентство по гидрометеорологии
Комитета по охране окружающей среды при
Правительстве Республики Таджикистан
Главная / Деятельность /

Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пиряхҳо

Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пиряхҳо

Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пиряхҳо

Тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии Сайёра дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ буда, яке аз манбаҳои асосии захираи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз захираҳои обии Тоҷикистон на танҳо, сокинони дохилӣ, балки кишварҳои ҳамсоя низ баҳраманд мегарданд, аз ин рӯ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирёбии иқлим нигаронӣ намуда, чунин қайд намудаанд: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад. Тайи даҳсолаҳои охир коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар мавзеи сароби дарёҳои асосӣ, ки бар асари тағйирёбии глобалии иқлим ба вуқӯъ пайвастааст, дар минтақаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад. Тибқи иттилооти расонаҳои мухталиф, дар ин муддат, масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон қариб 35 фисад кам шудааст. Бо дарназардошти фоҷиаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем».

Санаи 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

Таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории лоиҳаҳои нигоҳдории пиряхҳо мебошад. Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои гузариш ба рушди устувор муайян карда шудааст. Таваҷҷӯҳи махсуси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба лоиҳаҳои ҳифз ва мониторинги вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон равона карда мешавад.

Таърихи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

v Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

v Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

v Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

v Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.