Эълон барои ишғоли хизматрасониҳои мушовирӣ
- Эълон барои ишғоли хизматрасониҳои мушовирӣ:
- Эълон барои ишғоли хизматрасониҳои мушовирӣ
Описание конкурса
Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ
Вазифа: Мушовирони миллӣ оид ба гузаронидани баррасии ҳамаҷониба, тасдиқкунӣ (валидатсия), такмили ниҳоӣ ва пешниҳоди ССММ 3.0 бо дарназардошти таҳия ва ворид намудани боби алоҳида оид ба масъалаҳои гендерӣ
Рамзи мушаххаси лоиҳа: 01004733
Макон: ш. Душанбе
Муҳлати ниҳоии
пешниҳоди дархост: 30.04.2026 (соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: То 2 моҳ
Маълумоти умумӣ
Лоиҳаи «Дастгирии такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (ССММ/NDC 3.0)» бо ҳадафи таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи Париж ва такмили NDC 3.0 аз ҷониби БРСММ дар ҳамкорӣ бо КҲМЗ татбиқ мегардад.
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Ду (2) мушовирони миллӣ оид ба гузаронидани баррасии ҳамаҷониба, тасдиқкунӣ (валидатсия), такмили ниҳоӣ ва пешниҳоди ССММ 3.0 бо дарназардошти таҳия ва ворид намудани боби алоҳида оид ба масъалаҳои гендерӣ, корҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- Гузаронидани баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи ССММ 3.0 бо дарназардошти талаботи Созишномаи Париж ва принсипҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим;
- Таъмини тасдиқкунии (валидатсия) маълумот, равишҳо ва нишондиҳандаҳои ҳадафнок бо ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор;
- Такмили ниҳоии ҳуҷҷати ССММ 3.0, аз ҷумла ҳамгироии ҷанбаҳои гендерӣ ва таҳияи боби дахлдор;
- Омода намудан ва ҳамоҳангсозии раванди пешниҳоди расмии ССММ 3.0, аз ҷумла мувофиқа ва ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои ваколатдор.
Таҷрибаи корӣ ва малакаҳо
· Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи корӣ дар самтҳои дахлдор (экология/тағйирёбии иқлим/муҳити зист/иҷтимоӣ, ҳуқуқ/муносибатҳот байнламилалӣ ва дигар самтҳои дахлдор).
· Таҷрибаи исботшуда дар лоиҳаҳое, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани устуворӣ нигаронида шудаанд.
· Шиносоии касбӣ бо чаҳорчӯба ва талаботи Созишномаи Париж ва ССММ.
· Малакаҳои пурқуввати таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, қобилияти таҳияи ҳисоботҳои далеланок ва ҳуҷҷатҳои сиёсӣ/техникӣ.
· Малакаҳои аълои муошират ва фасилитатсия (мусоидат), аз ҷумла ҳамоҳангсозии ҷонибҳои манфиатдор ва гузаронидани омӯзишу муаррифӣ.
· Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра).
Таҳсилот
Таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, (химия, биология, география) ва ё дигар бахшҳои дахлдор, ба дорандагони дараҷаи илмӣ ва мутахассисони баландихтисос афзалият дода мешавад.
Забондонӣ
Равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Муҳлати дархост
Номзадҳои ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои худро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ на дертар аз 30 апрели соли 2026, соати 17:00 бо вақти Душанбе, тавассути роҳҳои зерин пешниҳод намоянд:
- ҳангоми ирсол тавассути почтаи электронӣ: ҳуҷҷатҳоро ба нишонии climate.tj@gmail.com ирсол намуда, ҳатман номи вазифаро дар сатри «Мавзӯъ» нишон диҳанд;
- ҳангоми пешниҳоди ҳузурӣ: ҳуҷҷатҳоро ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд: кӯчаи Б. Ғафуров 13/1, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:
- Маълумотнома бояд дар бораи таҳсилот, таҷрибаи касбӣ, малакаҳо, салоҳиятҳои асосӣ, инчунин таҷрибаи иштирок дар лоиҳаҳо дар соҳаи дахлдорро дар бар гирад;
- Номаи ҳамроҳ бояд маълумоти мухтасар дар бораи номзад, мутобиқат ба талаботи ҷойи корӣ ва ҳатман нишон додани номи вазифа дар сатри «Мавзӯъ» ҳангоми пешниҳоди электронӣ дар бар гирад.
Танҳо номзадҳои мувофиқ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.