Агентство по гидрометеорологии
Комитета по охране окружающей среды при
Правительстве Республики Таджикистан
Главная /

Конкурсы

ЭЪЛОН ОИД БА ОЗМУН БАРОИ ҶАЛБИ КОРШИНОСОН ВА МУТАХАССИСОНИ МИЛЛИИ ЛОИҲА

Лоиҳа: GCP/TAJ/022/GFF «Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж».:
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: 15 октябри соли 2026, то соати 17:00 бо вақти Душанбе.

Описание конкурса

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи дар шарикӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) амалишаванда барои ишғоли 8 вазифа озмун эълон менамояд.

Лоиҳа: GCP/TAJ/022/GFF «Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж».

Маҳалли кор: ш. Душанбе; сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди кишвар дар мувофиқа.

Навъи шартнома: шартномаи инфиродӣ оид ба расонидани хизматрасониҳои мушовирӣ.

Шартҳо: барои ҳар як вазифа як мутахассис ҷалб карда мешавад. Санаи оғози кор тибқи шартнома муайян гардида, хизматрасониҳо бояд на дертар аз 30 июни соли 2027 анҷом дода шаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: 15 октябри соли 2026, то соати 17:00 бо вақти Душанбе.

Маълумоти умумӣ оид ба лоиҳа: лоиҳа ба тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият (ETF) равона гардидааст. Фаъолияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, баҳисобгирии газҳои гулхонаӣ, мониторинги тадбирҳои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, маблағгузории иқлимӣ ва дастгирии гирифташуда, инчунин рушди низоми миллии идоракунии маълумот ва иттилоотро фаро мегирад.

1 - Ҳамоҳангсози миллии лоиҳа / мушовири техникӣ

Муҳлати хизматрасонӣ: 8 моҳ

2 - Коршиноси миллӣ оид ба баҳисобгирии газҳои гулхонаӣ ва Низоми мониторинг, гузоришдиҳӣ ва санҷиш (MRV)

Муҳлати хизматрасонӣ: 8 моҳ

3 - Мутахассиси миллӣ оид ба технологияҳои рақамӣ, маълумотҳо ва низоми идоракунии иттилоот

Муҳлати хизматрасонӣ: 8 моҳ

4 - Мутахассиси миллӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва идоракунии дониш

Муҳлати хизматрасонӣ: 4 моҳ

5 - Коршинос оид ба механизмҳои институтсионалӣ

Муҳлати хизматрасонӣ: 4 моҳ

6 - Коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ

Муҳлати хизматрасонӣ: 5 моҳ

7 - Ёвари молиявию маъмурӣ

Муҳлати хизматрасонӣ: 5 моҳ

8 - Мутахассис оид ба дастгирии амалиёти лоиҳа

Муҳлати хизматрасонӣ: 5 моҳ

Талаботи умумӣ

Маълумоти олии касбӣ аз рӯи самти вазифаи интихобшуда; озод донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад; малакаи хуби кор бо барномаҳои офисӣ. Талаботи пурраи тахассусӣ, уҳдадориҳо, натиҷаҳо ва шартҳои қабули натиҷаҳои кор дар супоришҳои техникии дахлдор муайян карда шудаанд.

Тавсифи муфассали вазифаҳо, натиҷаҳои пешбинишаванда, талаботи тахассусӣ ба номзадҳо, инчунин муҳлат ва шартҳои расонидани хизматрасониҳо барои ҳар як вазифа дар супоришҳои техникии дахлдор оварда шудаанд.

Номзадҳои ҳавасманд метавонанд супориши техникиро оид ба вазифаи интихобшуда тавассути ирсоли дархост ба нишонии электронии climate.tj@gmail.com бо дарҷи номи вазифа дар сатри «Мавзӯъ»-и нома ё бо муроҷиати ҳузурӣ ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров, 13/1.

Тартиби пешниҳоди дархостҳо

То муҳлати муайяншуда маълумотнома (CV) бояд дар бораи таҳсилот, таҷрибаи кории касбӣ, малака, салоҳияти асосӣ, инчунин таҷрибаи иштирок дар лоиҳаҳое, ки соҳаи дахлдорро дарбар мегирад; номаи ҳавасмандии аз ҷониби номзад имзошуда бо ҳаҷми на камтар аз як саҳифаи А4 ва номаи ҳамроҳ бо дарҷи  вазифаи интихобшуда ва маълумоти тамос бояд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шаванд.

- Пешниҳод тавассути почтаи электронӣ: ҳуҷҷатҳо ба нишонии climate.tj@gmail.com ирсол гардида, номи вазифа ҳатман дар сатри «Мавзӯъ» нишон дода шавад;

- Пешниҳоди ҳузурӣ: ҳуҷҷатҳои дахлдор ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: кӯчаи Б. Ғафуров, 13/1, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба мусоҳиба номзадҳои аз интихоби пешакӣ гузашта даъват карда мешаванд. Барои ҳамаи номзадҳо имкониятҳои баробари иштирок дар озмун таъмин мегарданд.