Агентство по гидрометеорологии
Комитета по охране окружающей среды при
Правительстве Республики Таджикистан
Главная /

Новости

Боздиди ҳайати кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи Миллӣ»

Санаи 13 феврали соли ҷорӣ ҳайъати кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боздид ва шиносоӣ бо таърихи куҳану фарҳанги бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи Миллӣ» ташриф оварданд.

Ҳайати кормандонро муовини якуми директори Осорхонаи миллӣ Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбаладон ва ходимони илмии муассиса ба онҳо сайрҳои осорхонавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Тавассути сайри осорхонавӣ кормандон бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини оби нушокӣ, тағйирёбии иқлим, ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо шиносоӣ пайдо намуда, дар толорҳои дигари осорхона бо осори таърихию фарҳангии ниёгон, ёдгориҳои беназири бостоншиносӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос гардиданд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ ҳайати кормандон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, инъикоси осорхонавии масъалаҳои муҳимми иқлимиву экологиро баланд баҳогузорӣ намуданд.

14.02.2026