Ҳамкорони азиз,
Тамоми кормандони Кумита ва мақомоти зертобеи он, собиқадорон, дӯстдорони табиат, ризокорону фаъолони ҳифзи табиати нотакрори кишвари маҳбубамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 табрику муборакбод менамоям.
Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон соли сипаришудаистодаи 2024-ро бо дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, пешравиҳои муҳим дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ ҷамъбаст карда истодаанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гашта, симои шаҳру деҳоти кишварамон хело ҳам тағйир ёфт.
Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист низ, дар қатори дигар мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ба дастовардҳои хело ҳам муҳим ноил гаштанд.
Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа дар соли Нави мелодии 2025 дар таҳкими назорати давлатии ҳифзи муҳити зист иҷрои нақшаю барномаҳои давлатию соҳавӣ, зебою хуррамсозии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ оқилона меҳнат карда, дар омодагӣ ба Ҷашни сазовори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовори худро мегузоранд.
Ҳамаи Шумоён, ҳамкорони азиз, хешу пайвандонатонро бо фарорасии соли 2025 бори дигар табрику муборакбод менамоям. Бигзор соли 2025 барои ҳар як хонадони Шумо соли пурбарору дастовардҳои нав, амалӣ гаштани ниятҳои неки инсонӣ гардад.
Соли нав муборак, ҳамкорон!
31.12.2024