Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Модар дар Кумита

6 марти соли ҷорӣ дар бинои Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, занону модарон дар мақомоти соҳавӣ фаъолияткунанда, собиқадорон, меҳмонон ва дигар кормандон Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар оғоз раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон модарон ва бонувонро ба рӯзи Иди Модар табрику муборакбод намуд. Хосса қайд гардид, ки Зан-Модар бузургтарин зинатбахши ҳаёти инсоният ба шумор рафта, тамоми нобиғаҳои оламшумулро дар домани поки худ парвариш намуда, ба воя расонидааст.

Зимни суханони табрикотии худ раиси Кумита Шерализода Баҳодур аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навин имрӯз занону бонувони мо аз имтиёзҳои зиёд бархурдор ҳастанд.

Дар чорабинии Кумита собиқадори меҳанат ва ходими ҷамъиятию сиёсӣ Рафиқа Мусоева иштирок ва суханронӣ намуда, нақши занонро дар давлатсозии кишвари соҳибистиқлоламон басо калон арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, аз тарафи баромадкунандагон дар васфу ситоиши Модар суханони пурҳикмату саршор аз муҳаббат гуфта шуданд. Ҳар як суханрониҳои дар васфи Зан-Модар гуфташуда бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол карда шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба занону бонувон гулҳои баҳорӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


07.03.2025