Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал (Дидал) мушоҳида гардид

Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад, ки таъсири манфии он ҳам ба системаҳои табиӣ ва ҳам ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ зиёд эҳсос мегардад. Раванди мазкур дорои сабабҳои гуногун буда, ҳам омилҳои табиӣ ва ҳам омилҳои антропогениро, ки аз фаъолияти хоҷагидории инсон сарчашма мегиранд, дар бар мегирад.

Пайомадҳои ин раванд дар баланд шудани ҳарорати миёнаи сайёра, тағйир ёфтани реҷаи боришот, зиёд шудани шиддат ва басомади офатҳои табиӣ, инчунин таназзули экосистемаҳои табиӣ зоҳир мегарданд.

Бинобар сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар мавсими тобистон ва тирамоҳи соли ҷорӣ пиряхи Деҳдали ҳавзаи дарёи Сурхоби ноҳияи Тоҷикобод санаи 19 сентябр ва сипас 25 октябри соли 2025 ба ҳаракат даромад.

Санаи 27 октябри соли ҷорӣ зимни гузаронидани корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки аз пиряхи Деҳдал қисми бузурги ях бо андозаи 1300 - 1500 м дарозӣ, 170 - 200 м паҳноӣ ва 25-50 м баландӣ ҷудо шуда, бо суръати 6 м/с ба масофаи 5100 – 5133 м ҳаракат намудааст.

Тибқи таҳлили аксҳои моҳворавии санаи 1 то 3 ноябри соли 2025 муайян гардид, ки пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ба ҳисоби миёна давоми се рӯзи охир ба андозаи 72 м ба поён ҳаракат намудааст.

Бо назардошти ҳолати вазъи обу ҳаво дар минтақа ва заминларзаи санаи 3 ноябри соли 2025 ҳолати пирях айни ҳол пешгӯинашаванда арзёбӣ гардида, мониторинги мунтазами он тавассути моделҳои маҳворавӣ амалӣ шуда истодааст.

Мушоҳидаҳои моҳворавӣ нишон медиҳанд, ки пирях дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ҳаракати он ҳанӯз идома дорад. Ин ҳолат эҳтимоли ба вуҷуд омадани кӯлҳои пиряхӣ ва хатари рахнашавии онҳо, тағйири таркиби оби дарёҳо ва таҳдид ба инфрасохтори поёноб, таъсир ба манбаъҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, афзоиши хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва ярчро дорад.

Ҳаракати пиряхи Деҳдал боз як ҳушдор барои ҷомеа ва сохторҳои масъул буда, он зарурати ҳамоҳангсозии амалҳои илмӣ, идоракунӣ ва сиёсати миллиро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд.

 

 

 

 

 

 

05.11.2025