Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ зери унвони “Конститутсия – кафолати зиндагии шоиста!” баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок намуданд.

Нахуст Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Абдуллоев Умаралӣ Сайдуллоевич сухани табрикотии Директори Агентӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибуллоро ба самъи ҳозирин расонид. Дар сухани табрикотӣ қайд гардид, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони озод, демократӣ ва ҳуқуқбунёд марҳилаи ибтикороти таърихӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти моддиву маънавист. Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ намуда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, қабл аз ҳама, аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад”.

Дар рафти баргузории маҷлиси тантанавӣ алоҳида кормандони Агентӣ дар бораи дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, таърихи ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аҳамияти волоияти қонун, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ, такмили қонунгузорӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва иқлим таъкид намуданд.

 

 

 

05.11.2025