Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ДАР САМТИ МОНИТОРИНГИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ВА НАЗОРАТИ СИФАТИ ҲАВО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Дар ҳошияи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мулоқоти сеҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилоти швейтсарии «Каритас» ва ширкати «Ризоме Системс» баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои идоракунӣ, хизматрасонии техникӣ, истифода ва таъмини дастрасӣ ба маълумоти шабакаи стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ба фаъолияти стансияҳои мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ, ки дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилоти «Каритас» насб гардидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дурнамои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти мониторинги сифати ҳаво баррасӣ гардид.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо Созишномаи сеҷониба оид ба ҳамкорӣ дар самти идоракунӣ, хизматрасонии техникӣ, истифода ва таъмини дастрасӣ ба маълумоти шабакаи стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Ба имзо расидани созишномаи мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии байналмилалӣ, тавсеаи имкониятҳои техникии Агентӣ ва такмили низоми миллии мониторинги обуҳавошиносӣ ва экологӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар таъмини рушди устувори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори техникию касбии он ва тақвияти саҳми он дар ҳалли масъалаҳои мубрами экологию иқлимӣ нақши муҳим доранд. 

17.11.2026