Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ба муносибати 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шудаанд. Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ беназир аст. Таърих гувоҳ аст, ки бо Қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти №3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврал Рӯзи Артиши миллӣ дар мамлакат эълон карда шуд.

Бо вуҷуди ҳама норасоиву мушкилоти он айём, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизматӣ ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузоштанд.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони мо қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро қурбон карданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии сиву як сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда истодаанд, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар фаъолияти душвору пуршарафашон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи артиши миллӣ муборак, ҳомиёни ғаюру ҷасури Ватан!


22.02.2024