Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо.

    Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар шаҳри Душанбе баён доштанд, кормандони Агентии обуҳавошиносӣ пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атрофи бинои Агентӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Санаи 27,07,2024 дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниӽои Агентии обуҳавошиносӣ дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 33-солагии  Истиқлолияти давлатии Ӌумӽурии Тоҷикистон,  дар Агентии обуҳавошиносӣ  шанбегӣ доир гардид.

    Бояд қайд намуд, ки кормандони Агентии обуҳавошиносӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардан ва тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохил ва гирду атрофи Агентии обуҳавошиносӣ дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд. 









26.07.2024