Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Аксияи тозагии соҳил дар Резервати биосферии “Ромит” баргузор гардид

Санаи 26 сентябри соли 2026 дар доираи Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мавзеъҳои Тоҷикистон дар феҳристҳои ЮНЕСКО: эътирофи “Ромит” ҳамчун нахустин резервати биосферии кишвар ва дурнамои ҳифзи мероси табиӣ» аксияи тозагии соҳил баргузор гардид.

Дар чорабинии экологии мазкур роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, меҳандӯстӣ ва рӯҳияи ваҳдату ҳамбастагӣ фаъолона иштирок намуданд.

Зимни баргузории аксия ҳудуди Резервати биосферии “Ромит”, аз ҷумла соҳили дарё ва гирду атрофи он аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, корҳои ободониву поксозӣ анҷом дода шуданд.

Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории тозагии мавзеъҳои табиӣ мусоидат намуда, аҳаммияти саҳмгузории ҳар як шаҳрвандро дар ҳифзи сарватҳои табиии кишвар боз ҳам таъкид менамояд.

27.09.2026