Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиши Системаи аввалияи коркард, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ҳавошиносии стансияҳо- “Персона-Мис” ва “Персона Мип”


Рӯзҳои 12 то 17 августи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ “WFP” семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Омӯзиш, насб ва кор бо системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона Мип” бо иштироки 18 нафар сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор намуданд.  

Дар рафти семинар аз тарафи мутахассисони соҳавӣ тариқи баромадҳо, рӯйнамо ва корҳои омӯзишӣ-амалӣ ба кормандони шабакаҳои давлатӣ оид ба барномаҳои кории стансияҳо, пешниҳоди маълумотҳои фаврӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона-Мип” дар фаъолияти корӣ, дасрҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

Қобили қайд аст, ки Системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона-Мип” системаҳое мебошанд, ки барои коркард, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳои обуҳавошиносӣ зарур арзёбӣ мегарданд.  

Системаи Аввалияи Коркард, Ҷамъоварӣ ва Таҳлили Маълумоти Ҳавошиносии Стансияҳо (Первичная Система Обработки Накопления и Анализа Метеорологической Информации Станций (ПЕРСОНА МИС (WIN)- САКҶТМҲ(WIN)) дар бештари Хадамотҳои обуҳавошиносии ҷаҳон ҷорӣ карда шудааст. Маҷмааи барномавии "ПЕРСОН МИС" бо истифодаи маълумоти муштараки стансияҳо ва дидбонгоҳҳо бо назардошти шумораи васеи параметрҳои назоратшаванда такмил дода мешавад.

Системаи "ПЕРСОНА-МИП" (WIN) бошад, технологияи табдил додани маълумоти таърихии дидбонгоҳҳо (версияи DOS) ба формати ҷорӣ барои пешниҳоди маълумот ба система барои таъмини дастрасии махсус ба маълумот сохта шудааст. 

Бояд қайд намуд, ки роҳандозӣ намудани чорабиниҳои омӯзишӣ боиси такмили донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисони соҳавӣ, баланд шудани малакаи кории мутахассисони соҳа гардида, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ нақши муҳимро мебозанд.



16.08.2024