Рӯзҳои 26-27 декабри соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи "Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқсозӣ (НММ) барои Тоҷикистон", ки аз ҷониби Фонди Иқлимии Сабз маблағгузорӣ ва аз ҷониби Барномаи Рушди СММ амалӣ мегардад, семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки семинари мазкур мавзӯъҳои асосиеро дар бар мегиранд, ки барои самаранокии фаъолияти мутахассисони самти омӯзиши тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд.
Семинари мазкур аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, қисми назариявӣ омӯзиши сохтори атмосфера, равандҳои иқлимшиносӣ, омилҳои тағйирёбии иқлим ва инчунин усулҳои мониторингро дар бар гирифта, барои фаҳмиши равандҳои атмосфера ва таъсири онҳо ба иқлим равона гардидаанд. Қисми амалии семинар бошад, ба муайян кардани бахшҳои осебпазир ва пешниҳоди чораҳо барои ҳифзи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бахшида шудааст.
Баргузории чорабиниҳои мазкур баҳри таҳия, татбиқи стратегияҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки барои минтақаҳо ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар мувофиқанд, муҳим арзёбӣ мегарданд.
27.12.2024