Санаи 26 июни соли 2025 дар доираи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ, ҳамзамон Ризо Назарзода -Раиси шаҳри Хоруғ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Азим Иброҳим-вазири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Фонди Оғохон дар Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази нави обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., зимни сухарониашон қайд намуданд, ки ифтитоҳи расмии бинои нави Маркази обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ ба таҷлили 28-умин солгарди Иди Ваҳдати миллӣ ва сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост омада, ба он аҳамият ва симои рамзӣ медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки сохтмони Маркази нави обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ бо шарофати ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Шветсария ва Фонди Оғохон дар Тоҷикистон муваффақона татбиқ гардид.
Маркази нави обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ, ки бо истифода аз тарҳҳои муҳандисии муосир бунёд шудааст, ба талаботи замонавии экологӣ, амниятӣ ва самаранокии энергетикӣ ҷавобгӯй мебошад. Иншооти мазкур на танҳо шароити кори мутахассисонро беҳтар менамояд, балки дақиқии пешгӯии обу ҳаво, мониторинги падидаҳои обу иқлим ва инчунин сатҳи огоҳонии аҳолиро дар шароити тағйирёбии иқлим баланд мебардорад.
30.06.2025