Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи 7-ум дар мавзӯӣ «Эҳтиёҷот ба мониторинги пиряхҳо дар саросари ҷаҳон (TS7: Glacier Monitoring Needs Worldwide)»

Санаи 31 майи соли ҷорӣ дар доираи баргузории Конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷаласаи 7-ум дар мавзӯӣ «Эҳтиёҷот ба мониторинги пиряхҳо дар саросари ҷаҳон (TS7: Glacier Monitoring Needs Worldwide)» бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ, намояндагони донишогоҳу донишкадаҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. ва муовини сардори Маркази яхшиносӣ Назирзода К. баромад намуда, оиди ҳамкориҳои дарозмуддати Агентии обуҳавошиносӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, инчунин муҷаҳҳазгардонии шабакаи миллии мушоҳидавӣ, татбиқи стандартҳои навини хизматрасонии иқлимӣ, рушди низоми огоҳии бармаҳал ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо дар соҳаҳои метеорология, гидрология ва илмҳои иқлимшиносӣ сухан ронданд

Ҳамзамон дар доираи музокироти байни иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои васеъгардонии шабакаҳои яхшиносӣ, пурзӯр намудани иқтидори кадрии соҳа, табодули маълумоти яхшиносӣ ва криосфера, муҷаҳҳазгардонии шабакаи яхшиносӣ баррасӣ гардида, зарурияти ба Стансияи байналмиллалӣ иваз намудани Стансияи обуҳавосанҷии Горбунов таъкид гардид.

02.06.2025