Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштироки ҳайати Агентии обуҳавошиносӣ дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026: аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 то Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034)”

Санаи 18 марти соли 2026 ҳайати Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло дар маросими ифтитоҳии чорабинии сатҳи баланд бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026: аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 то Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034)”, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор гардид, иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии сатҳи баланд ду рӯз идома ёфта, ҳамчун марҳилаи гузариши расмӣ аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 ба Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034) замина мегузорад. 

19.03.2026