Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ободонӣ ва тозагӣ - нишонаи фарҳанги баланд ва масъулиятшиносӣ

Бо мақсади нигоҳдории муҳити тозаву озода, баланд бардоштани фарҳанги ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ, инчунин дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 13 июни соли равон дар Дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар ҷараёни шанбегӣ кормандони Агентӣ бо рӯҳияи баланди меҳнатдӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар корҳои тозакунии ҳудуди маъмурӣ, ҷамъоварии партовҳо, ба тартиб даровардани гирду атроф ва дигар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуданд.

Чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар шудани шароити меҳнат, таҳкими фарҳанги экологӣ, болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва нигоҳдории муҳити тозаву зебо мусоидат менамоянд.

Кормандони Агентӣ минбаъд низ дар корҳои ободониву созандагӣ иштироки фаъолона дошта, барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи муҳити тозаву ободи корӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

 

15.06.2026