Душанбе, 25 июни соли 2026 — Дар бинои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён Нақшаи амал барои солҳои 2026–2028, масъалаҳои такмили низоми мониторинг ва арзёбӣ, рушди платформаи таҳлиливу иттилоотӣ, мубодилаи байниидоравии маълумот ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал таҳти унвони «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» (Early Warnings for All)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо маърӯзаи муфассал муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирзода Суннатуллоҳ Мирзомуддин суханронӣ намуда, ҳисоботро оид ба иҷрои чорабиниҳо дар доираи Платформаи миллӣ ва татбиқи Харитаи роҳи «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама», натиҷаҳои бадастомада ва самтҳои афзалиятноки минбаъда пешниҳод намуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа тадбирҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи Нақшаи амал, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва омода намудани мавод барои ҷаласаи навбатии Платформаи миллӣ муайян карда шуданд.
Баргузории чунин ҷаласаҳо ба рушди низоми миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ, такмили механизмҳои огоҳсозии бармаҳал ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.




25.06.2026