Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, санаи 1 августи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Агентӣ фаъолона иштирок намуда, корҳои тозакунӣ ва ободонии ҳудуди бинои маъмурӣ ва гирду атрофи онро анҷом доданд. Зимни шанбегӣ ҳудуди Агентӣ аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуда, бехи дарахтон нарм, майдонҳои сабз ба тартиб дароварда ва корҳои рангубору сафедкунӣ дар қитъаҳои алоҳида иҷро гардиданд.
Иштирокчиёни шанбегӣ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, аҳамияти нигоҳдории муҳити тозаву озода ва ҳифзи табиатро ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ таъкид намуданд.
Бояд қайд кард, ки баргузории чунин тадбирҳо дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани вазъи санитариву экологии муҳити корӣ ва таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ мусоидат менамояд.
Кормандони Агентии обуҳавошиносӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи тадбирҳои ободонӣ, сабзазоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист фаъолона саҳм гузошта, барои ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф корҳои амалиро идома хоҳанд дод.










01.08.2026