Дар доираи ҳамкориҳои самарабахш байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» се адад стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, аз ҷумла дар мавзеъҳои Тартки (ноҳияи Шахритус), Сардаи-Миёна (ш.Ваҳдат) ва Элок (ноҳияи Рудакӣ) насб ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Санаи 19 августи соли ҷорӣ дар маросими ба истифода додани стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ, Роҳбари кластери тобоварӣ ба тағйирёбии иқлими БРСММ Умед Ваҳобов, коршиноси лоиҳаи Фонди мутобиқшавӣ Ғиёсиддин Немонов, муовини директори Резервати биосферии Ромит Ҷабборов Анваршоҳ, муовини директори Муассисаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Аслам Расулзода, намояндагони аҳолии маҳаллӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки насби чунин стансияҳои худкори обуҳавосанҷии муосир қадами муҳим дар самти такмили шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, баланд бардоштани сифати мониторинги вазъи обу ҳаво ва таъмини дастрасии саривақтии маълумоти дақиқ ба ҳисоб меравад.
Боиси зикр аст, ки стансияҳои мазкур дар реҷаи вақти воқеӣ нишондиҳандаҳои асосии обуҳавошиносӣ, аз ҷумла шиддатнокии боришот, ҳарорати ҳаво, суръати шамол ва дигар параметрҳоро ба қайд гирифта, маълумоти ҷамъоваришуда тавассути низоми худкор ба Агентӣ интиқол дода мешавад, ки ин имконият медиҳад вазъи обу ҳаво пайваста назорат ва таҳлил карда шавад.
Ин иқдом ба таҳкими иқтидори техникии соҳаи обуҳавошиносӣ, беҳтар намудани сифати пешгӯии обу ҳаво, огоҳсозии бармаҳал аз зуҳуроти хатарноки табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа ба таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
Агентии обуҳавошиносӣ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳоро бо шарикони рушд ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори мушоҳидавӣ минбаъд низ тақвият диҳад.







20.08.2026