Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиш (тренинг) оид ба барномаи “Smartmet”

Рӯзҳои 10-13 августи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финляндия (FMI) омӯзиш (тренинг) оид ба барномаи “Smartmet”-ро баргузор намуданд, ки дар рафти он мутахассисони соҳавӣ фаъолона иштирок намуданд.

Омӯзиши амалии якҳафтаина қисми барномаи коршиносони Институти метеорологии Финландия (FMI) ба шумор рафта, дар доираи  лоиҳаҳои сармоягузории “FINTAJ” дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, татбиқи фаъол ва ҳамгироии яке аз пешрафтатарин ва навовартарин маҳсулоти барномавии Институти метеорологии Финландия (FMI) барои пешгӯии обу ҳаво мебошад.

Коршиносони Институти метеорологии Финландия (FMI) — Тони Ҳеллинен ва Янне Миеттинен ба таври амалӣ нармафзори мазкурро ҷорӣ намуда, ба мутахассисони соҳавӣ, ки барои минтақаҳои мураккаби баландкӯҳи ҷумҳурӣ пешгӯиҳои обу ҳаворо таҳия мекунанд, омӯзиш гузарониданд.

Татбиқи ин низоми муосир имконият медиҳад, ки сифати пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ беҳтар гардида, дақиқӣ ва самаранокии хизматрасониҳо дар минтақа дар сатҳи нав қарор дода шавад.

19.08.2026